Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идрисзода: Раиси "Умед 88" то анҷоми тафтиш дар боздошт мемонад


Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати "Умед 88"
Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати "Умед 88"

Мақомоти Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон гуфтанд, раиси ширкати "Умед 88" то анҷоми таҳқиқот дар боздошт мемонад. Қаблан наздикони Раҷабалӣ Одинаев аз мақомот тақозо карда буданд, ки ӯро раҳо намоянд.

Илёс Идрисзода, муовини раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, рӯзи 15-уми январ ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, ба наздикони раиси "Умед 88" иҷозат дода шудааст, зарари воридкардаи ӯро барқарор кунанд.

Мақомоти Оҷонсӣ инчунин гуфтанд, ки дар робита ба қазияи раиси ширкати "Умед 88" бархе аз кормандони Вазорати молия ҳам бозпурсӣ хоҳанд шуд.

Боздошти раҳбари ширкати "Умед 88" -- яке аз ширкатҳои бузурги таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта сурат гирифт. Рӯзи 14-уми октябр раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ Вазорати молияро танқид кард, ки ба “Умед 88” 170 миллион сомонӣ қарз дода, ин маблағҳоро баргардонида натавонистааст.

Раҳбари ширкати “Умед 88” дар тасарруфи пулу мол, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва суистифода аз ваколат муттаҳам дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG