Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лайк ва SMS – ба ҷои гулу номаҳои ошиқона. ВИДЕО


Рӯзи 14-уми феврал дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ошиқон таҷлил мешавад. Дар гузашта, дар ин рӯз тақдими ширинӣ ва номаҳои ошиқона маъмул буд, вале дар замони муосир шодбошиҳо дар рӯзи ошиқон дар олами маҷозӣ маҳдуд шудааст. “Селфӣ”-и духтар ё писар ба дӯстдоштааш тариқи паёмрасон низ тӯҳфа ҳисоб мешавад. Табассумҳо ҳам маҷозӣ шудаанд, ки онро бо як ишора тариқи паёмрасонҳо мефиристанд.

Бештари мулоқоти нахустин ҳамакнун онлайн, яъне фосилавӣ сурат мегиранд. Пас аз як муддати муошират ҷуфтҳо метавонанд “офлайн”, яъне рӯ ба рӯ вохӯранд.

Ишқи вайбериву фейсбукӣ

Бо гузашти ҳазорсолаҳо ҳоло ҷаҳон вориди марҳилаи асри “технологияи рақамӣ” шудааст ва дастрасӣ ба интернету пайдо шудани шабакаҳои иҷтимоӣ зиндагиро комилан дигар кардааст.

Ҳоло тақрибан ҳар инсони болиғи сайёра шомили шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаст, ҳатто афроде, ки барои хариди ғизо ва сару либос пул надоранд.

Интернет дигар сарчашмаи маълумот, ҷойи кор, тиҷорат ва пойгоҳе барои мулоқот табдил ёфтааст. Албатта, дар ин “пойгоҳи мулоқот” инсонҳо шанси бо ҳам шинос шудан ва ҳатто бунёди оиларо доранд. Дар ин даҳсолаи ахир чӣ тағйир кардааст? Як ҷуфти ҷавонро дар солҳои пеш ва ҳоло тасаввур кунем, фарқияти зиёдеро дар муносиботи байни онҳо мебинем.

Дар солҳои 70-80-уми асри гузашта мард бояд нахустин шуда барои ошноӣ назди духтар мерафт ва дар мулоқоти аввалин ба ӯ гул тақдим мекард. Баъдан, айёми романтика ё тавре калонсолон мегӯянд, “даврони конфету гулдаста” фаро мерасид. Дар ин айём дар шаҳру давлатҳои гуногун дилдодаҳо ба ҳам номаҳои пур аз меҳру муҳаббат мефиристоданд. Номаҳои коғазӣ, ки дилдодаҳо бо хатту қалами худ хонапурӣ мекарданд. Ҳар ҳарфу ҳиҷо бо диққат хонда мешуд.

Ҳоло фарқе надорад, кӣ бо кӣ ошно мешавад. Тавассути хадамоти нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли “эмоҷӣ” (аксҳои баёнгари эҳсосҳо) ва тугмаҳои “лайк”, “даст афшондан” , “чашм парондан” хоҳ духтар ё писар метавонанд нахустин шуда муоширату ошноиро оғоз кунанд. Дар идома муошират метавонад бо “гифкаҳо” – GIF – тасвирҳои ҳаракаткунанда такмил ёбад.

Ба ҳамин минвол, бештари мулоқоти нахустин ҳамакнун ... онлайн, яъне фосилавӣ сурат мегиранд. Пас аз як муддати муошират ҷуфтҳо метавонанд “офлайн”, яъне рӯ ба рӯ вохӯранд. Замоне ки ғоибона ҳамдигарро дӯст доштаанд, ишқашон ҷӯш мезанад, ҳарчанд якдигарро ҳанӯз надидаанд.

“Аккаунт” ба ҷои овоза дар деҳа

Паёмҳои табрикӣ (sms, сурат паём, e-card) ба ҷои оғӯш рамзи асосии ҷашнҳои романтикӣ гаштаанд. Ҳарчанд дар бештари маврид ин як нусхабардории оддӣ аст. Як навиштаи табрикотии зебои касеро садҳо нафар нусхабардорӣ ва ба дилдодаи худ мефиристанд.

Агар пештар бо ҷӯроби дарида ба назди дӯстдухтари худ рафтан айб дониста мешуд ва ё духтарон таваҷҷӯҳи писаронро бо нигоҳҳои ишваомези худ аз оиначаи хурди худ ҷалб мекарданд, ҳоло ин ҳама тағйир кардааст.

Ҳоло “лайк” нагузоштан зери акси селфӣ метавонад ҳамчун нишонаи сард шудани муносибатҳо пазируфта шавад. Навиштаҷоте ба мисли “forever alone” (ҳамеша танҳо) ва ё, пахши мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишонаҳое аз кӯшиши ҷалби таваҷҷуҳ дониста мешавад.

Солҳои пеш ҳамсафари зиндагиро дар маконҳои ҷамъиятие, мисли толори консерт, дискоклуб ва тӯйҳо меҷустанд. Аммо ҳоло ба ин зарурате боқӣ намондааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ-як махзани бузурги иттилоот бо миллионҳо домоду арӯсҳои эҳтимолӣ ҳастанд. Аз “статус”-и дилхоҳ корбар фаҳмидан мумкин аст, ки ӯ ҳамсар дорад ё на. Дигар шарт нест, ки ба ангуштарии никоҳӣ ё абрӯвони чидашудаи духтарон нигоҳ кард. Ҳамчунин гурӯҳҳои хос, чатҳо, мессенҷерҳо низ ҳастанд, ки аз онҷо метавонед, мухлиси футбол ва ё пазандаи хуберо ёбед. Саҳифаи шахсӣ дар шабакаи иҷтимоӣ дар бораи шахс ҳама чизро бозгӯ мекунад: Шурӯъ аз маълумоти биографӣ то шуғлҳои дӯстдошта, гурӯҳи дӯстон, албоми акс ва бо кӣ иртибот дорад. Дигар шарт нест, аз ҳамсояҳо бипурсӣ, ки домод ва ё арӯсшаванда кӣ ҳаст ва дар куҷо кор мекунад. Дар ҷустуҷӯ саҳифаи нафари мавриди назар ба шумо ҳама маълумотро медиҳад, ки даҳ соли пеш онро дар чанд рӯз ба сахтӣ имкони пайдо кардан вуҷуд дошт.

Дар ин бобат ҳамчунон як латифаи машҳур низ ҳаст. Нафаре ба шахси дигаре занг зада, бинобар даргузашти ҳамсараш, оташсӯзӣ дар хона ва нобарорӣ дар кор изҳори таслият мекунад. Шахси зангзада ба саволи инки аз куҷо ин ҳамаро медонад, мегӯяд, ин ҳамаро дар саҳифаи иҷтимоии ӯ хондааст.

Хадамоти алоқа ғами моро мехӯрад?

Сайругашти ҷамъиятиву миллӣ ва тӯйҳо дар Тоҷикистон, масалан Наврӯз, ҳанӯз ҳам як шакли асосии ошноии ҷавонон боқӣ мемонад. Волидон бо усулҳои кӯҳна талош мекунанд, дар бораи келини оянда маълумот бигиранд. Ба назар мерасад, то замоне ки дар бораи ҷавонон тавассути саҳифаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳо медиҳанд, муддати хеле кам мондааст. Вақте ки мисолҳои бисёре дар бораи чат/sms-талоқ вуҷуд дорад, чаро никоҳҳои “viber”-иву whatsapp”-ӣ ба вуҷуд наояд?

Ҷуфтҳо дар як хона зиндагӣ карда, тавассути месенҷер изҳори муҳаббат мекунанд.

Таҷлили имсола аз Рӯзи ошиқон дар Душанбе:

Дар Тоҷикистон аз Рӯзи ошиқон таҷлил карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Одамони каме пешрафта ба ҳамдигар тавассути интернет тӯҳфа мекунанд. Тӯҳфа метавонад сертификате бошад, ки ҳақ медиҳад, аз фурӯшгоҳи онлайнӣ маводи ороишӣ, либос харидорӣ шавад.

Густариши технологияҳои рақамӣ (диҷитолӣ) дар авҷи худ ҳастанд. Шояд дар асри иттилоот ва технологияҳои рақамӣ ин як чизи маъмулӣ бошад. Аз ҳама асосӣ, вазъият набояд ба мисли латифаи машҳур табдил ёбад: “дар шаҳр интернет хомӯш шуд ва зуд беназмӣ сар зад. Дар натиҷа, маълум шуд, ки ҳамсояҳо одамони хубе ҳастанд ва кӯдакони онҳо кайҳо боз боғча намераванд, балки мактабро хатм мекунанд...”

Дар инҷо месазад, ба Хадамоти алоқаи назди ҳукумат ташаккур гуфт, ки бо ташаббуси ӯ зуд-зуд сомонаҳо ва мессенҷерҳои гуногун баста мешаванд. Оё мо бе чунин “танаффус”-ҳо метавонем ба чашми якдигар назар карда, аз таҳти дил бо ҳам сӯҳбат кунем?

XS
SM
MD
LG