Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоят аз келинҳо дар Тоҷикистон: "Бисёр хоб мекунанд"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки дар як соли ахир шикояти 281 зан дар заминаи хушунати хонаводагӣ ба додгоҳ рафтааст. Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи занон ва кор бо оилаи Тоҷикистон рӯзи 14-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар соле ,ки гузашт 1480 зан дар нисбати хушунати хонаводагӣ ба ин кумита шикоят овардаанд.

Ба таъкиди хонум Қосимзода, шикоятҳо нисбати келинҳои хонавода зиёд аст ва ба хусус дар заминаи бисёр хоб кардани онҳо ҳангоми ҳомиладорӣ. Ин аст, ки ба гуфтаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳатто шавҳарони ҷавон ва хушдоманҳо аз болои келинҳояшон, ки замони ҳомиладорӣ бисёр хоб мекунанд, шикоят кардаанд. Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, дар як соли ахир 2100 оилаи ҷавон аз ҳам пош хӯрдааст.

XS
SM
MD
LG