Пайвандҳои дастрасӣ

Бебарқӣ дар Мастчоҳи Кӯҳӣ. "Мисли хирс дар ҷангал зиндагӣ дорем". ВИДЕО


​​​Аҳмад Бобобеков ҳамроҳи ҳамсараш Азизбибӣ

Сокинони Арнохун, Сурхкат ва Ғурфкат – се рустои ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ – шикоят доранд, ки тақрибан 90 сол боз ба маҳалли зисти онҳо хатти нирӯи барқ кашида нашудааст ва онҳо тӯли ин муддат бо лампа ва шамъу “фонарик” шабро рӯз кардаанд.

  • Мақомоти ноҳия бебарқии комил дар ин деҳаҳои Мастчоҳи Кӯҳиро тасдиқ мекунанд. Аммо мегӯянд, ки айби онҳо нест, гуноҳи мақомоти замони Шӯравист.
Онҳо оянда чӣ мешаванд? Подабон мешаванд? Оё аз мо ҳам ягон соҳиби илму соҳиби мақом мебаромада бошад?

​"Пули нафақаамон ба “фонарик”-харӣ намерасад"

Аҳмад Бобобекови 75-сола ҳамроҳи ҳамсари солхӯрдааш Азизбибӣ аз деҳаи Арнохуни Мастчоҳи Кӯҳӣ барои арзу дод ба ширкати “Барқи Тоҷик” ва дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ба Душанбе омадааст. Ба қавли Аҳмад Бобобеков, ин се деҳаи Мастчоҳи Кӯҳӣ на “нури илйичӣ”-ро дидаанд ва на барқи бомеъёрро дар 27 соли истиқлоли Тоҷикистон.

“Мисли хирс дар ҷангал зиндагӣ мекунем. Пули нафақаамон ҳам ба чароғхариву “фонарик”-харӣ намерасад. Ҳар боре ба мақомот шикоят мебарем, мегӯянд, ки пул пайдо шавад, баъд масъаларо ҳал мекунанд”, - нақл кард ӯ рӯзи 12-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Мисли хирс дар ҷангал зиндагӣ дорем"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:55 0:00

Бобобеков мегӯяд, онҳо аз тақдири фарзандону наберагони худ нигаронанд, ки ба далели бебарқӣ аз ҷаҳону саводомӯзӣ ақиб мондаанд. Ӯ гуфт, “на таҳсили дурустро дидаанд ва на фурсати дуруст китоб хонданро доштанд. Дар деҳаи мо мактаби ҳамагонӣ сохтанд, вале барқ надорад. Дар солҳои гулгулшукофии Тоҷикистон аз ҳамин се деҳа ягон ҷавон ба донишгоҳ дохил нашудааст. Онҳо оянда чӣ мешаванд? Подабон мешаванд? Оё аз мо ҳам ягон соҳиби илму соҳиби мақом мебаромада бошад?”, - суол гузошт ӯ.

Аҳмад Бобобеков ҳамроҳи ҳамсараш Азизбибӣ пас аз он ки муроҷиати хаттии сокинони се деҳаи Мастчоҳи Кӯҳиро ба масъулони дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва ширкати “Барқи Тоҷик” супурд, нусхаҳои ин муроҷиатҳоро низ дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт. Ӯ гуфт, аммо мақомот ӯро ба ҳузур напазируфтанд.

"Айби мо нест, айби ҳукумати Шӯравист"

Аҳмад Бобобеков
Аҳмад Бобобеков

Аммо тавре аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ хабар доданд, танҳо дар як ҷамоати Лангари ин ноҳия, ки 13 деҳаро дар бар мегирад ва 10 ҳазору 300 ҷамъият дорад, аз замони Шӯравӣ ба ин сӯ барқ нест.

Тоҳир Азиззода, муовини аввали раиси ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ, рӯзи 12-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир аз тарафи ҳукумати вилоят барои иҷрои тарҳе ба хотири кашидани хатти барқ ба 13 деҳаи калонтарини ноҳия 100 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.

Ӯ таъкид кард, ки солҳои тӯлонӣ аз мадди назар дур мондани чароғонкунии деҳоти ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ ба бетаваҷуҳии мақомдорони Шӯравии пешини Тоҷикистон рабт дошт. Чун, ба гуфтаи ӯ, баъди кӯч додани мардум ба дашти Дилварзин дар солҳои 50 ва 60-уми садаи гузашта ба “Мастчоҳи куҳна аҳамият намедоданд”.

"Мегуфтанд, ки макони босмачиҳо буд"

“Онҳо мегуфтанд, ин макони босмачиҳо буд ва бигзор дигар мардум ба инҷо наояд. Танҳо баъд аз истиқлоли Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ин ноҳия бештар шуд”, - афзуд Азиззода.

Деҳаҳои бебарқ танҳо хоси Мастчоҳи Кӯҳӣ набуда, ин гуна деҳот дар манотиқи дигари Тоҷикистон низ вуҷуд доранд.

Аз ҷумла, ба иттилои мақомоти ҳукумати вилояти Хатлон дар қаламрави ин вилоят 116 деҳа умуман аз қувваи барқ маҳруманд. Танҳо дар минтақаи Кӯлоб 35 деҳа умуман қувваи барқ надорад ва деҳаи Марғоб калонтарини онҳо шуморида мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG