Пайвандҳои дастрасӣ

Се наврас дар байни қурбониёни ҳавопаймои Ан-148


Макони суқути ҳавопаймои AN-148 дар наздикии Маскав

Дар байни 71 қурбонии ҳавопаймои Ан-148, ки рӯзи якшанбе дар наздикиҳои шаҳри Маскав суқут кард, 6 узви экипаж ва се наврас низ ҳузур доштанд. Бино ба иттилои муқаддамотӣ, ин се наврас 17, 13 ва 5-сола буданд. Мақомоти вилояти Оренбурги Русия 12-уми февралро рӯзи мотам эълон карданд.

Ба маълумоти вебсайти Кумитаи тафтишотии Русия, раҳбари ин ниҳод Александр Бастрикин Раёсати умури махсусан муҳимро вазифадор кардааст, ки суқути ҳавопайморо бисанҷад. Худи Бастрикин ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, гуруҳи тафтишотиро раҳбарӣ мекунад.

Ҳавопаймои Ан-148 рӯзи 11-уми феврал бо 71 нафар баъди парвоз аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав дар ноҳияи Раменскийи Русия суқут кард.

Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои бехатарии идораи ҳавопаймо" парванда боз кардааст. "Тамоми фарзияҳо омӯхта мешаванд," - омадааст дар иттилоияи кумита.

Додситонии кулли Русия гуфт, ҳамаи ҷанбаҳои риояи қонунгузории Русия ҳангоми хидматрасонӣ ба ҳавопайморо месанҷад. Ҳамчунин кори ширкати "Саратовские авиалиния", ки Ан-148 ба он тааллуқ дошт, тафтиш мешавад.

Видеоҳои охирин

Шариф Раҳимзода: Тоҷикистон ба мутахассисони улуми дақиқ ниёз дорад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:06 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG