Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масҷиди нави Тошканд номи шайх Муҳаммад Содиқро мегирад


Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф.
Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф.

Масҷиди нави шаҳри Тошканди Узбекистон, ки дар ноҳияи Чилмазор сохта мешавад, номи шайх Муҳаммад Содиқ Муҳаммад Юсуфро хоҳад гирифт. Дар ин бора аз дастгоҳи президенти Узбекистон хабар медиҳанд. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ҳафтаи гузашта ба маҳалли сохтмони масҷид рафта, бо корҳои сохтмонӣ ошно шудааст.

"Шайх Муҳаммад Содиқ Муҳаммад Юсуф (1952-2015) на танҳо олими шинохтаи Узбекистон, балки тамоми ҷаҳони ислом буд. Вай ҳаёташро ба омӯзиш ва таблиғ асосҳои дини мубини ислом сарф кард", - гуфт президент.

Соли 1989 Муҳаммад Содиқ Муҳаммад Юсуф муфтии Идораи мусалмонони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон интихоб шуд. Дар ин мақом вай фаъолияти васеи байналхалқӣ пеш бурда, тавонист бо бисёре аз кишварҳои исломӣ робитаи фарҳангиву омӯзишӣ ба роҳ монад.

Ба далели он, ки робитаи шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф бо президенти вақти Узбекистон Ислом Каримов хуб набуд, вай давоми солҳо маҷбур шуд ба Либия муҳоҷир шавад. Аммо дар соли 1999 баъди таркиш дар шаҳри Тошканд Ислом Каримов хост, аз шахсияти муфтӣ истифода барад ва ӯро ба кишвар даъват кард. Муҳаммад Содиқ Муҳаммад Юсуф 10-уми марти соли 2015 дар шаҳри Тошканд вафот кард. Дар ҷанозаи вай наздики 200 ҳазор одам ширкат карда буд.

XS
SM
MD
LG