Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорҳо метр сим куҷо шуд? "Шикор"-и ноқили телефонҳои хонагӣ дар Хоруғ


Ду гумонбари дуздии ноқили телефон дар шаҳри Хоруғ, ки як муддат боиси аз кор мондани телефонҳои хонагӣ дар маркази Бадахшон гаштанд, боздошт шудаанд. Дар Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ рӯзи 10-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тафтишот ҳанӯз идома дорад. Мақомоти милиса ба хотири ворид нашудани халал ба рафти тафтишот исми ин ду нафарро ошкор намекунанд.

«Шикор»-и ноқилҳои телефон, ба гуфтаи масъулон, бештар ба хотири метали миси дохили он аст. Қимати як кило мис дар бозори тоҷирони метал аз 30 то 40 сомонӣ нарх дорад.

Дар ин шӯъбаи милиса ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар соли 2017 низ рабояндагони ноқилҳои телефонро ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашида буданд.

Ҳодисаи охирини дуздида шудани ноқил рӯзи 7-уми январи имсол рух додааст. Дуздон қисмати ноқили телефонро, ки аз зери пули рӯди Ғунд мегузашт, қайчӣ карда гирифтаанд. Дар натҷиаи ин дуздӣ телефони хонагии то 1500 муштарии ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» аз кор мондааст.

Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Амрихудо Гиёев, раиси ширкати «Тоҷиктелеком» дар шаҳри Хоруғ, ба Радиои Озодӣ гуфт, «айни замон ноқилҳо барқарор гашта, телефонҳои сокинону идора фаъол гаштанд». Ин масъули «Тоҷиктелеком» дар мавриди ҳодисаҳои рабуда шудани ноқилҳои телефон шарҳи бештар надод.

Дар ду соли ахир 25 ҳолати дуздии ноқилҳои телефон дар вилояти Бадахшон сабт шудааст. Дуздон дар ин муддат беш аз 6400 метр хатти телефонро дуздидаанд.

«Шикор»-и ноқилҳои телефон, ба гуфтаи масъулон, бештар ба хотири метали миси дохили он аст. Қимати як кило мис дар бозори тоҷирони метал аз 30 то 40 сомонӣ нарх дорад. Ноқилрабоён маъмулан пӯсти резинии ноқилро дар оташ сӯзонда симҳои мисинро ба тоҷирони метал мефурӯшанд.

Қурбони Аламшо
Қурбони Аламшо

Дуздии сими телефон дар Бадахшон дар ҳолест, ки аксар сокинон аз истифодаи телефонҳои хонагӣ даст мекашанд. Қурбони Аламшо, сокини шаҳри Хоруғ, мегӯяд, ду сол боз ӯ ва аҳли хонаводааш аз истифодаи телефони хонагӣ даст кашиданд.

«Ду сол шуд, ки аз телефони хонагӣ даст кашидем. Ҳоло ҳама телефонҳои мобилӣ дорем. Вайберу мессенҷерҳои дигар фаъол ҳаст. Ҳатто занони солхӯрда низ шеваи истифодаи Вайберу Востапро медонанд. Масалан, дар ошёнаҳое, ки мо зиндагӣ дорем, тақрибан истифодабарандагони телефони хонагӣ нест», - иброз дошт Қурбони Аламшо.

Зимнан, раванди коҳишёбии истифодарандагони телефонҳои хонагӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба назар мерасад. Аксаран ширкату идораҳои давлатӣ аз истифодабарандагони аслии телефонҳои хонагӣ ҳастанд.

Масъулони «Тоҷиктелеком» мегӯянд, бо коҳиш ёфтани муштариёни алоқаи телефони хонагӣ нигоҳубин ва тармими хатҳои телефон ҳам барои ширкат зиёновар мешаванд. Танҳо аз соли 2015 ба ин ҷониб ширкати «Тоҷиктелеком» аз ҳисоби рабуда шудани симҳои телефон беш аз 170 ҳазор сомонӣ зиён дидааст.

Зимнан, дуздида шудани ашёи ҷамъиятӣ аз металҳои ранга дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон ба назар мерасанд. Ахиран масъулони Идораи роҳи минтақаи Кӯлоб хабар доданд, ки бархе аз наврасон нишонаҳои канори роҳро бинобар алюминӣ буданашон рабуда, ба тоҷирони оҳан мефурӯшанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG