Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи ҷинояткорон бо кӯмаки "айнаки ҳушманд"


"Айнаки ҳушманд"-и пулиси Чин

Пулиси Чин ба истифодаи айнакҳои махсуси офтобӣ оғоз кардааст, ки ҳуввияти одамро муайян мекунад. Ба иттилои The Wall Street Journal, ин дастгоҳ шахсияти ҷинояткорро дар 100 миллисония маълум мекунад.

Технологияи нав кори ходимони пулисро дар маҳаллаҳое осон хоҳад кард, ки дурбинҳои назоратӣ надоранд. Бо кумаки ин айнакҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Чин аллакай 7 нафарро боздошт кардаанд, ки дар ҷиноят даст доранд. Ҳамчунин 26 тани дигар аз ҳуҷҷати сохта истифода мебурдаанд.

Аз сӯи дигар, истифодаи ин айнакҳо ҳомиёни ҳуқуқро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, технологияи нав барои таъқиби дигарандешон ва ақалиятҳои қавмӣ истифода хоҳад шуд.

Бино ба омори расмӣ, дар Чин 170 миллион дурбини назоратӣ насб шудааст, ки бузургтарин низоми дурбинҳои назоратии ҷаҳон шумурда мешавад. Мақомоти ин кишвар борҳо танқид шудаанд, ки технологияҳои навро барои таъқиби ақалиятҳои қавмӣ истифода мебаранд.

Видеоҳои охирин

Муносибати раҳбаратон бо Шумо чӣ гуна буд?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:30 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG