Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндаи демократҳои Амрико 8 соат суханронӣ кард


Яке аз раҳбарони Ҳизби демократи Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 7-уми январ дар Маҷлиси Намояндагони он кишвар ҳашт соат суханронӣ кардааст, ки дар таърихи ин маҷлис бесобиқа будааст. Дар ин суханронии ҳаштсоата Нанси Пелосӣ, талош кардааст, дархости демократҳо дар бораи ислоҳот дар умури муҳоҷирон пазируфта шавад.

Хонум Пелоси ҳушдор додааст, ки агар ҷумҳурихоҳон дар бораи пешгирӣ аз ихроҷи паноҳандагон, ки дар кӯдакӣ ба Амрико оварда шудаанд, иқдоми ҷиддӣ накунад, онҳо ба будҷа раъй нахоҳанд дод. Ин дар ҳолест, ки ҳар ду ҳизб - ҷумҳурихоҳ ва демократ дар ин бора мувофиқат кардаанд. Пелосии 72-сола таъкид кард, ки боқӣ мондани ин афрод дар Амрико фоидаҳои зиёд дорад.

Бар асоси як барнома, ки идораи раиси ҷумҳурии қаблии Амрико онро қабул карда буд, ба ҳамаи ин муҳоҷирон иҷозаи иқомат дода шуда буд. Аммо дар моҳи гузашта раиси ҷумҳур Доналд Трамп онро лағв кард. Мӯҳлати ин барнома дар оғози моҳи март ба поён мерасад ва баъд аз он муҳоҷирон ба хатари ихроҷ аз Амрико рӯбарӯ ҳастанд.

Рекорди қаблии тӯлонитарин суханронӣ дар соли 1909 буд, ки як вакили сенат ба муддати 5 соат ва 15 дақиқа бидуни танаффус сӯҳбат кард.

Видеоҳои охирин

Роналдо Модрич ва ё Салоҳ?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:18 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG