Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи як пулис дар робита ба марги Толибҷон Дӯстов


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи вилояти Хатлон ба баррасии парвандаи марги Толибҷон Дӯстов, сокини 50-солаи ноҳияи Шаҳритус, шуруъ кард. Дар курсии айбдорӣ Маҳмадулло Идиев, лейтенанти калони Идораи корҳои дохилии ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли собиқ) нишастааст.

Алайҳи ӯ бар пояи моддаи 316 (қисми 3, банди “а”)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” – айб эълон шудааст.

Масъулони Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал дар баёнияе гуфтанд, марги Толибҷон Дӯстов тобистони соли гузашта, баъди боздошташ ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дар яке аз тарабхонаҳои ноҳияи Шаҳритус рух додааст. Наздикони ӯ даъво доранд, ки Дӯстов дар пайи латту кӯби кормандони милиса ҷон додааст.

Меҳрӣ Давлатова, модари Толибҷон Дӯстов, гуфт, “фикр мекунем, писарамро дастгир карда, дар роҳ латту кӯб кардаанд. Вақте дар роҳ вафот кардааст, ҷасади ӯро ба беморхонаи ноҳияи Қубодиён бурдаанд”.

Он замон мақомот иллати марги Толибҷон Дӯстовро сактаи қалбӣ гуфта буданд. Дар пай наздикони Толибоҷон Дӯстов ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят карда, хостанд, ки нисбат ба кормандони пулис парвандаи ҷиноӣ боз шавад.

Эътилофи зидди шиканҷа мегӯяд, охирҳои моҳи декбари соли гузашта Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин робита парванда боз кард ва баъди ба итмом расонидани тафтишоти пешакӣ парвандаро ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристод.

XS
SM
MD
LG