Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина ба Михаил Саакашвилӣ паноҳгоҳ надод


Додгоҳи шаҳри Киев шикояти президенти пешини Гурҷистон ва раҳбари "Ҳаракати нирӯҳои нав" Михаил Саакашвилиро аз болои радди дархости паноҳандагии сиёсияш дар Украина напазируфт. Ба гуфтаи вакилони дифоъ, ба раҳбари пешини вилояти Одессаи Украина Михаил Саакашвилӣ акнун истирдод ба ватан - Гурҷистон таҳдид мекунад. Онҳо тасмим доранд аз болои ҳукми ахир ба додгоҳи конститутсионии Украина шикоят баранд.

Президенти Украина Петр Порошенко моҳи июли соли 2017 шаҳрвандии Саакашвилиро дар кишвараш бекор кард. Мақомоти Украина гуфтанд, шаҳрвандии Саакашвилӣ барои он бекор шуд, ки гӯё ӯ ҳангоми дарёфти он иттилои дурӯғ пешниҳод карда, хабар надодааст, ки дар Гурҷистон зидди вай парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Сиёсатмадор моҳи сентябри соли 2017 аз Хадамоти муҳоҷирати Украина ҳаққи паноҳандагӣ дархост кард. Додгоҳи Киев 3-юми январи соли равон ӯро ҳамчун паноҳанда ё шахсе эътироф накард, ки баъди маҳрум шудан аз шаҳрвандии Украина ба ҳимояти иловагӣ ниёз дорад.

Додгоҳи шаҳри Тифлис 5 январ Саакашвилиро айбдор кард, ки ҳангоми президенти Гурҷистон будан аз мақоми худ сӯистифода кардааст ва дар ғайбаш ӯро се сол аз озодӣ маҳрум кард. Ба гуфтаи Саакашвилӣ, мақомоти Украина қасдан раванди баррасии парвандаи ӯро метезонанд, то барои ихроҷи ӯ аз кишвар асоси қонуние пайдо кунанд

XS
SM
MD
LG