Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди муҳоҷирони "депортшуда"-и тоҷик 35% камтар шудааст


Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон.
Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон.

Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки соли гузашта ҳудуди 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки қаблан бо ҳукми додгоҳҳои Русия аз ҳаққи вуруд ба қаламрави ин кишвар барои мӯҳлатҳои мухталиф маҳрум шуда буданд, дубора тавонистанд барои кор ба Русия бираванд. Ба гуфтаи ин манбаъ, бо ин вуҷуд ҳудуди 180 ҳазор нафар муҳоҷири тоҷик ҳамчунон аз ҳаққи вуруд ва кор дар Русия маҳрум мебошанд.

Сумангул Тағойзода афзуд, ки афви муҳоҷирони кории тоҷик дар пайи тавофуқоти раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия ҳосил шудааст. Ин мақоми тоҷик ҳамчунин хабар дод, ки ҳоло ҳукумати Тоҷикистон барои бо ҷойи кор таъмин кардани муҳоҷирони ба истилоҳ "депортшуда" иқдомҳоеро рӯи даст гирифтааст. Ба иттилои ин вазоратхона, соли гузашта ҳудуди 487 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия ва Қазоқистон рафтаанд, ки нисбати як соли шаш дарсад камтар будааст.

XS
SM
MD
LG