Ба думболи барфбоди шадид дар Маскав ва вилояти Маскав ҳаркати нақлиёт душвор шудааст. Рӯзи душанбе дар пойтахт ва шоҳроҳҳои асосӣ ба сӯи шарҳ тамбашавии 7- дараҷагӣ сабт шуд. Кори нақлиёти умумӣ низ халалдор шуда, субҳи рӯзи душанбе қаторҳои атрофи шаҳр бо таъхир ба истгоҳҳо расиданд.
Барои тоза кардани шаҳр ва роҳҳо аз барф на танҳо кормандони хизмати коммуналӣ, балки низомиҳо низ ҷалб шудаанд. Мақомоти Маскав мегӯянд, ки тамоми васоили дар ихтиёрашон бударо ба кӯча бароварданд. Шаҳрдории пойтахт вазъро фавқулодда унвон кард.
Биноба маълумоти оҷонсиҳои хабарӣ, беш аз 100 парвоз дар фурӯдгоҳҳо мутавақиф шуда, робитаи нақлиёт бо фурӯдгоҳҳо биноба тамбашавӣ мушкил шудааст.
Обуҳавошиносон барфбоди ахирро, ки рӯзи 3 феврал сар шуд, бенамуна мегӯянд. Субҳи имрӯз шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфт, ки дар натиҷаи барфбод як нафар ба ҳалокат расид ва панҷ нафар захм бардоштанд.