Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии тими мунтахаби Қазоқистон дар мусобиқаи Осиё


Варзишгарони Қазоқистон дар Бозиҳои қаҳрамонии Осиё дар ҳисоби умумидастаӣ аз ҳама бештар медали тило ба даст овардаанд.

Ба маълумоти Федератсияи варзиши сабуки Қазоқистон, варзишгарони ин кишвар дар мусобиқаҳои шаҳри Теҳрон, ки аз 1 то 3 феврал баргузор шуданд, 7 медали тило, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ касб кардаанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми дувумро варзишгарони Эрон бо 5 медали тило, 9 нуқра ва 10 биринҷӣ ишғол кардаанд. Мунтахаби Туркманистон 2 медали биринҷӣ ва аз Ҷопон 1 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG