Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати ИМА махфӣ будани як бахши "рӯйхати Кремл"-ро шарҳ дод


Вазорати молияи ИМА

Вазорати молияи ИМА сабаби махфӣ будани як бахши "рӯйхати Кремл" дар бораи мансабдорон ва соҳибкорони наздик ба президенти Русия Владимир Путинро шарҳ дод.

Намояндаи расмии вазорат Тони Сэйег рӯзи 1 феврал дар суҳбат бо хабаргузории Bloomberg гуфт, як бахши рӯйхат ба ин хотир ошкор нашуд, ки афроди ворид ба он натавонанд барои фирор аз таҳримҳо аз ширкату дороиҳои худ "даст кашанд".

Ба гуфтаи Сэйег, рӯйхати эълоншуда комил нест. Дар Вазорати молияи ИМА гуфтанд, ки рӯйхат танҳо номи шахсоне овардааст, ки махфӣ нестанд.

Вазорати молияи ИМА 30 январ "рӯйхати Кремл" - номгӯи атрофиёни Путинро нашр кард, ки эҳтимол таҳрим шаванд. Ба ин рӯйхат 210 нафар - аъзои ҳукумати Русия, кормандони дастгоҳи Путин, раҳбарони ширкатҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу олигархҳо шомил шуданд.

Баъд аз нашри номгӯй вазири молияи Амрико Стивен Мнучин хабар дод, ки дар асоси он эҳтимол дорад, зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ шаванд.

Видеоҳои охирин

Дар Хуҷанд як маркази амрикоӣ боз карданд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:08 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG