Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафаров: "Баъди бастани ҲНИТ касе ба сафи ифротиён напайваст"


Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Мақомоти Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон гуфтанд, ки баъд аз манъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2015 ягон нафар аз шаҳрвандони кишвар ба сафи гурӯҳҳои ифротгаро, аз ҷумла ДИИШ, напайвастааст. Ин изҳорот рӯзи 2-юми феврал аз забони Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси марказ, садо дод.

Ӯ гуфт, ин иттилоъ бино ба маълумотест, ки дар дасти ӯ қарор дорад. “Ин рақам баёнгари он аст, ки ҲНИТ дар гузашта ба чӣ кор машғул буд”, - афзуд ӯ.

Сайфулло Сафаров дар идома гуфт, ҳузури фаъолони ҳизби наҳзати исломӣ дар хориҷа ба кишвар ҳеч хатар надорад. Аммо гуфт, соли гузашта чунин хатар вуҷуд дошт.

“Агар фаъолони ҲНИТ дар Аврупо бо гуруҳҳои дигар, ба мисли ҷунбиши “Ватандор” ва “Гурӯҳи 24” ҳамроҳ мешуданд, ин хатар вуҷуд дошт. Аммо фаъолони “Гурӯҳи 24” ва Додоҷон Атовуллоев аз ҳамкорӣ бо ҲНИТ даст кашиданд”, - шарҳ дод ӯ.

Муовини аввали маркази тадқиқоти стратегӣ дар мавриди ҳузури ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон ҳам изҳори назар кард. Вай гуфт, ҷангҷӯён дар он сӯи Ому ҳеч хатаре ба Душанбе надоранд. “Марзи Тоҷикистон хеле таҳким ёфтааст. Русия барои таҳкими марз бо Афғонистогн ёрӣ кард”, - афзуд ӯ.

Ҳизби наҳзати исломӣ моҳи сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ ва созмони террористӣ эътироф шуд. Дар пайи он даҳҳо узви ин ҳизб боздошту зиндонӣ шуданд. Раису бархе дигар аз аъзои ҲНИТ дар хориҷа қарор доранд.

XS
SM
MD
LG