Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёддоштҳои махфии амалкарди FBI оммавӣ мешаванд


Девин Нунес - раиси кумитаи истихбороти порлумони ИМА
Девин Нунес - раиси кумитаи истихбороти порлумони ИМА

Ёддоштҳои махфие, ки аз сӯи қонунгузорони ҷумҳурихоҳ таҳия шудаанд, эҳтимол дорад, имрӯз оммавӣ шаванд. Ин ёддоштҳо эҳтимоли амалкардҳои ғайриқонунии FBI - Бюрои федеролии тафтишотӣ ИМА, дар ҷараёни тафтиши робитаҳои пешазтихоботии ситоди Трамп бо Русияро дар бар мегирад.

"Доналд Трамп аз муҳтавои санадҳо огоҳ аст ва ба нашри онҳо иҷозат додааст", - гуфт ёрдамчии президент.

Ҷузъиёти ёддоштҳо маълум нест. Аммо ба гуфтаи баъзе манбаҳо, дар ин санадаҳо омадааст, ки FBI барои ҷосусӣ аз паси мушовири Трамп Картер Пейҷ, додгоҳро огоҳ накарда буд, ки қисме аз харҷи ҷосусиро ситоди интихоботии Ҳилларӣ Клинтон пардохт мекунад.

Дар ёддоштҳо ҳадди ақал номи ду корманди FBI зикр шудааст, ки дар муколамаҳои хусусиашон нисбат ба Клинтон изҳори хушбинӣ ва нисбат ба Трамп изҳорӣ бадбинӣ кардаанд. Ин ду корманд муддате дар тими додситони махсус Роберт Мюллер фаъолият доштанд.

Демокртаҳо - аъзои Кумитаи ҳуқуқии палатаи поёнии Конгресси ИМА ба нашри ёддоштҳо мухолифат карданд. Ба бовари демократҳо, дар санадҳо "нишонаҳои хатарноки сиёсисозии фаъолити мақомоти махсус" дида мешавад.

XS
SM
MD
LG