Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси гурӯҳи таблиғотӣ зидди «бегонапарастӣ» дар Душанбе


Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, барои тарғиби одоби шаҳрнишинӣ ва мубориза бо ифротгароиву фарҳанги бегона як гуруҳ таъсис додааст. Қарор дар ин замина рӯзи 1-уми феврали имсол имзо шуд.

Рустами Эмомалӣ дар қарори худ гуфтааст, ки ин гуруҳ дар суҳбат бо сокинони пойтахт қонуни масъулияти волидон ва танзимро шарҳ дода, барои ҷилавгирӣ аз бегонапарастӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ низ талош хоҳанд кард. Аммо дар қарор дар бораи ҳайати гурӯҳ ва, ҳамин тавр, ҷадвали мулоқот тафсилот дода нашудааст.

Соли 2015 низ шаҳрдории Душанбе ба ин монанд қарореро имзо гузошта буд, ки ҳадафаш "пешгирии омилҳои ифротгароёна, хурофотпарастию бегонапарастӣ ва ташаннуҷи мазҳабӣ миёни занону духтарон" буд. Дар замимаи он қарор ҷадвали 36 вохӯрии намояндагони мақомот бо сокинон дар мактабу маҳаллаҳо низ чоп шуд.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, моҳи январи соли гузашта шаҳрдори Душанбе таъйин шуда, дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард.

XS
SM
MD
LG