Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин амалкарди Амрикоро "ғайридӯстона" номид


Владимир Путин гуфт, нашри феҳраст, робитаҳои Русияву Амрикоро бадтар мекунад.
Владимир Путин гуфт, нашри феҳраст, робитаҳои Русияву Амрикоро бадтар мекунад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, нашри гузориши ҳукумати Амрико дар бораи афроди наздик ба ӯро, “амали ғайридӯстонае” номид, ки ба гуфтаи ӯ, муносиботи Русияву Амрикоро печида мекунад.

Ӯ рузи 30-уми январ дар шаҳри Маскав гуфт:​“Бидуни шак, ин як амали ғайридӯстонае аст, ки ба муносибати бе ин ҳам печидаи Русияву Амрикоро мушкилтар мекунад ва дар умум ба равобити байналмилалӣ зиён мерасонад.”

Аз ин пештар дар рӯзи 29-уми январ, вазорати молияи Амрико феҳрасти деринтизори гурӯҳе аз чеҳраҳои сиёсӣ ва афроди сарватманди Русияро нашр кард, ки бо раиси ҷумҳур Владимир Путин иртибот доранд ва мумкин аст, дар оянда таҳти таҳримоти Амрико қарор бигиранд.

Дар феҳраст номи 114 чеҳраҳои сиёсӣ ва 96 фарди сарватмандеро овардаанд, ки ба гуфтаи Амрико ба сабаби наздикӣ бо Путин, соҳиби сарват ва ё қудрат шудаанд.

Дар он номи 31 вазири ҳукумат, Дмитрий Медведев, нахуствазир, Сергей Лавров, вазири умури хориҷӣ ва дигар мақомоти баландпоя ҷой дода шудааст. Кремл Амрикоро муттаҳам кард, ки мехоҳад, бо нашри феҳраст ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия дар моҳи март таъсир гузорад.

XS
SM
MD
LG