Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати Галим Фасҳутдинов дар садамаи нақлиётӣ дар Душанбе


Галим Фасҳутдинов. Акс аз саҳифааш дар Фейсбукаш гирифта шудааст

Галим Фасҳутдинов, хабарнигори бахши русии радиои “Мавҷи Олмон”, дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Душанбе ҷон дод.

Фасҳутдинови 45-сола шоми 30-юми январ дар шаҳри Душанбе бар асари як садамаи нақлиётӣ сахт маҷруҳ шуд ва дар бемористон ба ҳуш наомада, аз дунё даргузашт.

Галим Фасҳутдинов яке аз сокинони тотортабори шаҳри Душанбе буд, ки умри хешро сарфи хабарнигорӣ кардааст.

Ӯ солҳои тӯлони муҷрӣ ва хабарнигори радиои “Мир”, хабарнигори радиои “Голос России” дар Тоҷикистон буд. Солҳои ахир ба ҳайси хабарнигори бахши русии радиои “Мавҷи Олмон” дар Душанбе фаъолият мекард.

Вай аз аъзои фаъоли ҷамъияти тоторҳои Тоҷикистон буд ва дар ташкилу таҷлили “Сабантуй” як ҷашни миллии тоторҳо низ саҳми фаъоле дошт.

Видеоҳои охирин

Ваъдаи падари Ҳувайдо дар сари қабри ӯ
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:22 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG