Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се сарбози Эронро ифротгароён куштаанд


Сарбозони Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон.
Сарбозони Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон.

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, се сарбози худро дар набарде бо ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дар вилояти Форс талаф додааст.

Ба гуфтаи ин нерӯи қудратманди Эрон 16 узви ин гурӯҳро дастгир кардаанд. Муҳаммад Покпур, фармондеҳи нерӯҳои заминии сипоҳ рӯзи 27-уми январ гуфтааст, ки дар ҷанг чанд узви ДОИШ-ро ҳам куштаанд.

Ба қавли ӯ ду узви гурӯҳи Давлати исломӣ фирор кардаанд, вале дар муҳосираи нерӯҳои сипоҳ мондаанд. Фармондеҳи эронӣ гуфтааст, ки “терорристон мехостанд, дар шаҳрҳои наздимарзӣ ва маркази кишвар ҳамлаҳо анҷом бидиҳанд.”

Сипоҳнюс, вебсайти Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон хабар дод, ки ҷангҷӯёни ДОИШ аз марзҳои шимолии кишвар аз Ироқ ворид шудаанд. Созмони ифротии мазкур масъулияти ҳамлаи рӯзи 7-уми июн дар Теҳронро бар дӯш гирифт, ки дар ҷараёни он 17 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG