Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғафур - бойбача раҳбари Анҷумани ҷаҳонии бокс шуд


Ғафур Раҳимов
Ғафур Раҳимов

Ғафур Раҳимов (Ғафур-бойбача), тоҷири маъруфи узбак, ки дар "рӯйхати сиёҳ"-и Вазорати молияи Амрико қарор дорад, иҷрокунандаи вазифаи президенти Анҷумани ҷаҳонии бокс ё The International Boxing Association​ шуд. Вай ба ин курсӣ баъди он нишаст, ки рӯзи 27-уми январ Франко Фалчинелли аз мақоми президенти AIBA истеъфо дод.

Ғафур Раҳимов ҳамзамон дар мақоми муовини президенти Федератсияи бокси Осиё кор мекунад.

Интихоби раҳбари нави Анҷумани ҷаҳонии бокс дар иҷлосияи навбатӣ, моҳи ноябри имсол, сурат хоҳад гирифт. Қарор аст, ин анҷуман дар Русия баргузор шавад.

Ӯ соли 2010 аз Узбекистон берун рафта, гуфта мешавад, дар Дубай зиндагӣ дорад.

Ҳамон тавр ки вебсайти расмии Анҷумани байнамилалии бокс навишт, номзадии Ғафур Раҳимов ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи президенти AIBA аз тарафи Федератсияи бокси Русия пешниҳод шудааст. Як манбаъ дар Федератсияи бокси Узбекистон ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, онҳо низ аз номзадии Ғафур Раҳимов ҳимоят карданд.

Аз соли 2006 то моҳи ноябри 2017 Чинг-Куо Ву раҳбарии Ассотсиатсияи ҷаҳонии боксро бар уҳда дошт. Тобистони соли гузашта аъзои раёсат ба ӯ бо далоили иқтисодӣ изҳори нобоварӣ карданд ва ба ҷояш Франко Фалчинелли интихоб шуд.

Ғафур Раҳимови 67-сола аз соли 1998 узви раёсати Анҷумани байналмилалии бокс аст. Аз соли 2002 то 2012 муовини президенти ҳамин федератсия буд.

Ӯ, ки дар гузашта аз ӯ яке аз раҳбарони олами ҷиноии Узбекистон ном бурда мешуд, охири соли гузашта ба “рӯйхати сиёҳ”-и Вазорати молияи Амрико ворид шуд. Вазорати молияи Амрико дар гузориши худ Ғафур-бойбача ва чанд нафари дигарро “ба шустушӯи пул, ғасб, ришват ва тиҷорати маводи мухаддир” айбдор кард.

Чаҳор соли қабл нашрияи “Новая газета”, чопи Маскав, низ бо такя ба маълумоти хадамоти махфии Русия навишт, нуфузи Ғафур Раҳимов дар солҳои 1990 ба сатҳе расида буд, ки то 15 дарсади саноати пахтаи Узбекистонро зери назорат дошт.

Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 номи Ғафур Раҳимов аз феҳристи афроди таҳти пайгарди Интерпол ҳазф шуд. Вай соли 2010 аз Узбекистон берун рафта, гуфта мешавад, дар Дубай зиндагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG