Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 26-уми январ дар Форуми Ҷаҳонии Иқтисод суханронӣ кард ва гуфт, ки "Амрико барои тиҷорат боз аст". Аз замони иштироки президенти пешини Амрико Билл Клинтон дар Форуми Ҷаҳонии Иқтисод, соли 2000-ум, Трамп аввалин раиси ҷумҳури амалкунандаи Амрико аст, ки дар Форуми Иқтисодӣ ҳузур дошт.
Трамп дар суханрониаш бештар ба дастовардҳое тамаркуз кард, ки Амрико дар давраи раҳбарии ӯ ноил шуд. Ӯ аз коҳиши рекордии бекорон дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеаи Амрико ёдовар шуд, ки ба гуфтаи Трамп, дар 50 соли ахир намуна надоштааст. Ба гуфтаи Трамп дар як соли ахир дар Амрико беш аз 2 миллион ҷойи корӣ эҷод шуд.
Раиси ҷумҳури ИМА фазои феълии сармоягузорӣ ва бизнес дар Амрикоро "даврони беҳтарин" номид ва ба ислоҳоти молиёт, ки бо ибтикори ӯ сурат гирифт ва шеваҳои пешбурди бизнес ишора кард.
Рӯзи гузашта Трамп бо нахуствазири Британия Тереза Мэй дидору гуфтугӯ дошт. Трамп мулоқотро "гуфтугӯи ҷолиб" ва муносибат бо нахуствазирро "равобити олӣ" унвон кард.
Ҳузури раиси ҷумҳури Амрико дар ин нишаст дар пасманзари танқидҳои ошкору пинҳон аз сиёсати "Аввал Амрико"-и Трамп ҷараён гирифт.
Суханронии рӯзи ҷумъаи ӯ дар нишасти Давос ҳамчунин дар пасманзари нигаронии раҳбарони Аврупо ҷараён гирифт, ки Трампро аз миллатгароӣ, инзивогароӣ ва дур шудан аз принсипҳои тиҷорати умумӣ ҳушдор доданд.