Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситораи телевизион Опра Уинфрӣ намехоҳад президенти Амрико шавад


Ситораи телевизион ва синамои Амрико Опра Унифрӣ
Ситораи телевизион ва синамои Амрико Опра Унифрӣ

Ситораи телевизиони Амрико Опра Уинфрӣ гуфт, ки ният надорад соли 2020 дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ иштирок кунад. Дар ин бора Уинфрӣ ба маҷаллаи InStyle сӯҳбат кард.

Эҳтимоли иштироки Опра Уинфрӣ дар интихоботи ояндаи президентӣ аввали моҳи январ, баъди суханронии ӯ дар маросими супурдани ҷоизаи "Golden Globe" дар матбуот матраҳ шуд. Дар ин маросим ситораи телевизион аз ҷунбиши зидди озори ҷинсӣ пуштибонӣ намуд ва бо эҳсос дар бораи баробарии ҷинсӣ ва нажодпарастӣ сӯҳбат кард.

Опра Уинфрӣ, яке аз машҳуртарин ситораҳои телевизион, дар Иёлоти Муттаҳида аст. Пахши намоишҳои ӯ 20 сол пеш оғоз шуд ва баъдан Уинфрӣ шабакаи хусусии телевизионӣ таъсис дод. Баъди суханронии ӯ дар маросими "Golden Globe" ҳэштеги #Oprah2020 ва #OprahForPresident" дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд.

Ҳунармандони шинохта ба монанди Том Ҳенкс, Мэрил Стрип ва коргардон Стивен Спилберг аз пешбарии номзадии ӯ пуштибонӣ карданд. Президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, ки рақобат кардан бо Опра Уинфрӣ "бисёр шавқовар мешуд".

XS
SM
MD
LG