Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари Назарбоев мехоҳад, ки телевизиони низомӣ таъсис диҳад


Дариға Назарбоева

Духтари президенти Қазоқистон ва роҳбари Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ, дифоъ ва амнияти палатаи болоии порлумони ин кишвар Дариға Назарбоева пешниҳод кард, ки барои таблиғи хидмати низомӣ телевизиони махсус таъсис ёбад.

Дар ин бора маркази матбуотии порлумон рӯзи 24-уми январ хабар медиҳад. Маркази матбуотӣ дақиқ накард, ки Назарбоева кадом навъи телевизионро дар назар дорад.

Соли 2017 Назарбоева гуфта буд: "мо дар кишвари амне ба сар мебарем, ки ҳукумати пойдор, сиёсати пойдор дорад, ҳама чиз пешгӯишаванда ва ҳаёти мову шумо барои чанд соли оянда пешбинишуда аст".

Он замон вазири дифои Қазоқистон Сакен Ҷасузаков Дариға Назарбоеваро ба хотири пуштибониаш аз бахши мудофиаи кишвар бо медали "Ел коргани" қадр карда буд.

Видеоҳои охирин

Акси садо ба паём аз Ироқ. Хешовандони Марям дар Тоҷикистон пайдо шуданд
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:32 0:00

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG