Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ҳамлаи ИМА ба ҷангиёни Ҳаққониро маҳкум кард


Харобаи баъди ҳамлаи дрон дар ноҳияи қабиланишини Хуррам. 24 январи соли 2018
Харобаи баъди ҳамлаи дрон дар ноҳияи қабиланишини Хуррам. 24 январи соли 2018

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки ҳамлаи бесарнишини Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ба хонае воқеъ дар марзи Афғонистон, ду ҷангии шабакаи тундрави Ҳаққониро кушта бар ҷой гузошт.

Раиси пулиси маҳаллӣ Амир Замон Хон рӯзи 24 январ гуфт, ки ҳамла ба деҳкадаи Дапа Мамузай, воқеъ дар марзи Афғонистон сурат гирифт.

Вазорати корҳои хориҷии Покистон ҳамла дар дохили кишварашро маҳкум кард ва гуфт, ки он "як паноҳандаи афғон" дар Хурамро ҳадаф қарор дод.

"Ингуна амалкардҳои якҷониба: ба мисли имрӯз, ба рӯҳияи ҳамкории байни ду кишвар алайҳи терроризм зараровар аст ",- омадааст дар изҳороти ин ниҳод.

Як мақоми амниятӣ субҳи имрӯз гуфт, ки ҷангиёни кушташуда аз шабакаи Ҳаққонӣ буданд. Ин шабака дар Покистон мустақар буда, аз муттаҳидони Толибон аст.

Яке аз ҷангиёни кушташуда фармондеҳ Аҳсануллоҳ номбар шудааст.

Ҳамлаи бесарнишин чанд рӯз баъд аз аз ҳуҷуми мусаллаҳона ба меҳмонхонаи Интерконтинентали Кобул анҷом шуд, ки масъулияти онро гурӯҳи Толибон бар дӯш гирифт. Дар ин ҳамла дастикам 30 нафар, бо шумули 14 шаҳрванди хориҷӣ кушта шуд.

Вазорати умури дохилии Афғонистон дар ҳуҷум ба меҳмонхона шабакаи Ҳаққониро муттҳам кард.

Покистон ҳамлаи бесарнишини Амрико дар қаламравашро нақзи соҳибихтиёрӣ номид.

Равобити Вашингтон ва Исломобод дар чанд ҳафтаи ахир, дар заминаи иттиҳоми ИМА, ки мегӯяд Покистон ҷангиёнро бо паноҳгоҳи амн таъмин мекунад, ба сардӣ гаравид.

Исломобод иттиҳомро рад мекунад ва Вашингтонро ба ин муттаҳам мекунад, ки фидокориҳои Покистонро дар мубориза бо тундравон нодида мегирад.

XS
SM
MD
LG