Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона ба танқиди ташаббуси Назарбоев посух гуфт


Қазоқистон ба танқидҳои вазири корҳои хориҷии Белорус дар робита ба пешниҳоди президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев посух дод. Назарбоев пешниҳод кард, ки гуфтугӯҳои сулҳи Украина аз Минск ба Остона кӯчонида шаванд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ержан Ошиқбоев дар як изҳороташ рӯзи 22 январ гуфт, Қазоқистон "дар мавриди музокироти Минск шубҳа надорад" ва ба созишномаи Минск дар умури танзими низои Украина эҳтиром мегузорад.

Сар аз моҳи апрели соли 2014 дар низои мусаллаҳонаи шарқи Украина миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони рӯ ба Русия бештар аз 10 ҳазор одам кушта шудааст. Созишҳое, ки дар Минск солҳои 2014 ва 2015 ҳосил шуданд, қисман иҷро намешаванд.

"Мо ба ин раванд дахолат намекунем. Аммо Қазоқистон ҳамеша омодааст, барои пайдо кардани роҳҳал кумак расонад", - гуфт Ошиқбоев. Вай афзуд, агар ҷонибҳо аз Қазоқистон кумак бихоҳанд, пас Остона муроҷиати онҳоро баррасӣ хоҳад кард.

19 январ вазири корҳои хориҷии Белорус Владимир Макей гуфт, кӯчонидани гуфтугӯҳои сулҳи Украина аз Минск ба Остона ҳеч чизро ҳал намекунад ва вай афзуд, Минск ба фарқ аз дигарон "ба дунболи касб кардани номи сулҳофар намегардад".

Изҳороти Минск як рӯз баъд аз он садо дод, ки Назарбоев гуфт, гуфтугӯҳои сулҳи Украина ба бунбаст гирифтор шудаанд ва вай пешинҳод дорад, ки кишвараш макони нави гуфтугӯҳои сулҳи Украина бошад.

XS
SM
MD
LG