Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Кобул шаҳрвандони Қазоқистону Украина низ ҷон бохтаанд. ВИДЕО


Ҳамла ба меҳмонхонаи Интерконтинентали Кобул. 21 январи соли 2018

Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаи рӯзи 20 январ ба меҳмонхонаи "Интерконтинентал"-и шаҳри Кобул 30 нафар, аз ҷумла 14 шаҳрванди хориҷӣ кушта шуд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Ануар Ҷайнаков гуфт, дар ин ҳодиса шаҳрванди 39-солаи ин кишвар ҳам ҷон бохт. Ба гуфтаи пулиси Кобул, шахсияти 9 украинӣ кушташуда ҳам муайян шудааст, ки бештарашон кормандони ширкати ҳавопаймоии "Kam-Air"-и Афғонистонанд.

Мақомоти амниятии Афғонистон гуфтанд, ки шумори воқеии қурбониҳо метавонад аз 30 нафар аз бештар бошад.

Масъулияти ҳамла ба "Интерконтинентал"-ро, ки дар он конфронси байналмилалӣ оид ба технологияҳои нави иттилоотӣ ҷараён дошт, ҳаракати даҳшатафкани Толибон ба зимма гирифт. Ҷангиён ба воситаи ошхона вориди тарабхонаи меҳмонсаро шуда, ба сӯи муштариён оташ кушодаанд.

Ба гуфти сухангӯйи Толибон Забиҳулло Муҷоҳид ҳамла мебоист шоми 18-уми январ ба вуқӯъ пайвандад, вале он рӯз дар Интерконтинентал тӯйи арӯсӣ ҷой дошт ва Толибон барои ҷилавгирӣ аз қурбониҳо миёни афроди осоишта ҳамларо ба таъхир гузоштанд.

Ҳамлаи хунин ба меҳмонсаройи Интерконтинентали Кобул хотима ёфт
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:03 0:00

ВКД Афғонистон субҳи рӯзи якшанбе хабар дод, ки амалиёти махсуси онҳо барои озодсозии меҳмонсаро ба поён расида, тавонистанд,беш аз 150 нафар, аз ҷумла 40 хориҷиро наҷот диҳанд. Вазорат гуфт, дасти кам се ҳамлагарро маҳв карданд.

"Интерконтинентал" яке аз меҳмонсароҳои давлатии Кобул аст, ки дар он бештар хориҷиён меистанд. Он дар минтақаи куҳии шаҳр қарор дошта, аз соли 1969 ба ин сӯ фаъолият мекунад. Толибон моҳи январи соли 2011 ба ин меҳмонсаро ҳамла карда буд. Он замон 21 одам бо шумули 9 ҳамлагар кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Депутати маҷруҳи қирғиз дар Суғд бистарӣ шуд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG