Афроди мусаллаҳ шоми 20-уми январ ба меҳмонхонаи “Интерконтинентал” дар маркази шаҳри Кобул ҳамла карданд. "Интерконтинентал" меҳмонсарои машҳур аст ва дар он бештар ғарбиён ва дипломатҳо ба сар мебаранд.
Сурат Раҳимӣ – муовини сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон – дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шумори ҳамлаварон 4 нафар аст. Ба қавли ӯ, нирӯҳои вижа ба ҷойи ҳодиса расида, бо ҳамлагарон вориди даргирӣ шудаанд. Аммо ӯ дар бораи талафот дар ин ҳамла чизе нагуфт.
Як мақоми амниятии афғон бидуни бурдани номаш ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ҳамлаварон дар дохил "ба тарафи меҳмонҳо тир холӣ карданд". Як муштарии меҳмонхона низ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, худро дар ҳуҷрааш маҳкам кардаву садои тирро мешунавад.
Меҳмонхонаи "Интерконтинентал" дар маркази шаҳри Кобул моҳи июни соли 2011 мавриди ҳамлаи Толибон қарор гирифта буд, ки дар натиҷаи он 21 нафар, аз ҷумла даҳ мулкӣ, кушта шуданд.
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?