Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии сафирони пешини ИМА аз назари Трамп ба Африқо


Даҳҳо сафири пешини Амрико дар кишварҳои Африқо аз изҳори назари президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи давлатҳои ин минтақа шадидан ибрози нигаронӣ кардаанд. Дипломатҳои амрикоӣ мегӯянд, дар ҳимояти манофеи ИМА муносибати боэҳтиром нақши калидӣ дорад.

78 сафири пешин, бо шумули собиқ ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Африқо Линда Томас-Гринфилд, бо ирсоли як нома аз Доналд Трамп хостаанд, назарашро ба қитъае, ки иборат аз 54 кишвар аст, "бойгарии табиии бесобиқа" ва бо Амрико равобити таърихии амиқ дорад, иваз кунад.

Трамп ахиран хабарҳои матбуотро, ки ӯ гӯё гуфтааст муҳоҷирон аз "шикофҳои чиркин" ба Амрико даркор нестанд, рад кард. Вале иштирокдорони чорабинӣ мегӯянд, ӯ ин калимаҳоро истифода бурд.

Иттиҳоди Африқо ва чанд кишвари африқоӣ гуфтаҳои президенти ИМА-ро маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG