Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон дар интиқоли мол ба Тоҷикистон сабукӣ дод


Узбакистон барои интиқоли молу колои Тоҷикистон тариқи роҳи оҳани худ сабукиҳо ҷорӣ кардааст. Анвар Латифзода, сухангӯи идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон, рӯзи 19-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз идораи “Ӯзбекистон темир йуллари”-и Узбакистон барқия гирифтанд, ки бар асоси он нархҳо барои интиқоли молу колои Тоҷикистон пойин оварда шудааст.

Ба қавли Латифзода, феълан сабукиҳо барои интиқоли молу коло тариқи се қитъаи роҳи оҳан ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла, нархи роҳ барои интиқоли тамоми молу колои Тоҷикистон, ки тавассути қитъаи роҳи оҳани Келес-Қудуқли ва баръакс мегузаранд, то 40 дарсад кам карда шудааст.

Инчунин, ба қавли ҳамсуҳбати мо, ҳангоми интиқоли молу колои нафтӣ аз тариқи қитъаи роҳи оҳани Қарақалпоқистон-Қудуқли ва баръакс 30 дарсад ва барои дигар намуд маҳсулот то 50 дарсад сабукӣ ҷорӣ шудааст.

Дар идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷониби Узбакистон барои молу колои ҷониби Тоҷикистон, ки тариқи роҳи оҳани Хоҷадавлат-Қудукли ва баръакс мегузаранд то 40 дарсад тахфиф пешниҳод кардааст.

Дар ҳамин ҳол як манбаъи дигар дар идораи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба Радиои Озодӣ гуфт, гуфтугӯҳо барои дубора боз кардани роҳи оҳани Амузанг-Хатлон бо ҷониби Узбакистон идома дорад. Масъулони ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, дар сурати мувофиқати Узбакистон, омода ҳастанд, ки қитъаи роҳи оҳани Амузангро тармим намоянд.

Ширкати Роҳи оҳани Узбакистон дар соли 2011 қисмате аз роҳи оҳани худро дар минтақаи Амузанг-Тирмиз хароб кард ва ин ноҳияҳои қисмати ҷанубии Тоҷикистонро бо мушкилоти ҳамлу нақли молу коло рӯбарӯ кард.

Видеоҳои охирин

Наздикони Муқаддас :"Сабаби худкушӣ бадрафтории устодон аст, на ишқи ноком"
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:03:05 0:00

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG