Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоиза ба 2 ҷавоне, ки як духтарро аз худкушӣ наҷот доданд


Раёсати корҳои дохилии Душанбе ба ду сокини пойтахт барои наҷоти як духтар аз худкушӣ ҷоиза додааст. Абдулло Қодиров ва Ҳабибуллои Абдураҳмон рӯзи 16-уми январ М.Н.-ро, ки бо қасди худкушӣ худро дарёи Душанбе партофт, аз об берун овардаанд.

Дар Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфтанд, "ин ду нафар ба сардии ҳавои зимистон нигоҳ накарда, вориди дарё шуданд ва духтарро аз марг наҷот доданд."

Мақомоти РКД Душанбе мегӯянд, тӯҳфаҳо ба ин ҷавононро худи Шариф Назарзода, сардори идора супурдааст. Генерал Назарзода гуфтааст, ниҳоди зертобеаш бо таҳия ва амалинамоии барномае мехоҳад пеши роҳи худкушӣ дар шаҳр гирифта шавад.

Ҳодисаи қасд ба ҷони худ кардани як ҷавондухтар дар шаҳри Душанбе нимарӯзи 16-уми январ рух дод ва ҳоло аз ин нафар М.Н. ном бурда мешавад ва зери назари пизишкон қарор дорад.

XS
SM
MD
LG