Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Reuters: ҳайати Толибон бо Покистон машварат кард


Масҷиди ҷомеи Покистон
Масҷиди ҷомеи Покистон

Як ҳайати Толибон дар робита ба аз саргирии гуфтугӯҳои сулҳ бо ҳукумати Афғонистон барои машварат ба Покистон рафт. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 17 январ, бо такя ба ду мақоми баландпояи наздик ба Толибон гузориш дод.

Ҳоло маълум нест, ки ҷонибҳо дар музокироти ғайрирасмӣ ба пешрафте ноил шудаанд, ё не. Талошҳо сулҳсозӣ бо Толибон дар гузашта бенатиҷа буданд ва соли 2015 гуфтушунид баъди оғоз дубора қатъ шуд.

Бино ба иттилои Reuters, вохӯриҳои Исломобод дар пайи машварати пинҳонии намояндагони Толибон ва Ҳизби исломии Афғонистон дар Туркия баргузор шудаанд. Ҳизби исломӣ дар гузашта як ҷиноҳи Толибон буд, вале соли 2017 халъи силоҳ шуд ва ба ҳукумати Афғонистон пайваст.

Сухангӯи президенти Афғонистон гуфт, ки Ашраф Ғанӣ аз гуфтугӯҳои Исломобод хабар надорад. Намояндагони Толибон ҳам аз посух ба ин суол худдорӣ карданд. Ҳар ду ҷониб рӯзи душанбе иштироки худро дар гуфтугӯи Туркия рад карданд.

Вале ду мақоми баландпояи Толибон ба шарти ифшо нашудани номашон гуфтанд, ки раҳбари ҳаракат Ҳайбатуллоҳ Охундзода рӯзи душанбе аз вохӯрии Покистон ҷонибдорӣ кард. Охундзода дар ҳудуди Покистон паноҳ бурдааст. Намояндаи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, дар вохӯрии Туркия намояндагони қонунии ҳаракат иштирок надоштанд.

XS
SM
MD
LG