Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози маҷлиси солонаи ҳукумати Тоҷикистон


Субҳи панҷшанбеи 18-уми январ дар Душанбе маҷлиси солонаи ҳукумати Тоҷикистон оғоз ёфт. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат аз нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли гузашта натиҷагирӣ мешавад.

Манбаъ мегӯяд, дар ин ҷаласа раҳбарият ва аъзои ҳукумат, дастгоҳи раёсати ҷумҳур, раҳбарони сохторҳо ва мақомоти марказии давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, раҳбарони муассисҳои таълимӣ, бонкҳо ва рӯзнома ва расонаҳои расмӣ ҳузур доранд. Нахуствазир Қоҳири Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодии кишвар дар соли 2017 гузориш додааст.

Ҳар сол дар остонаи ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон дар матбуот аз зарурати тағйироти кадрии ҷиддӣ сӯҳбат мешавад. Ин мавсим дар расонаҳои маҳаллӣ ҳатто “Дилзанак” таъбир мешавад, чунки аксари мансабдорони баландпоя то итмоми ҷаласаи солона нигарони сарнавишти мақоми худ боқӣ мемонанд.

XS
SM
MD
LG