Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракат дар шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ дигарбора қатъ шуд


Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дубора қатъ шудааст. Мақомот мегӯянд, дар пайи боришот фаромадани сангреза аз кӯҳ қатъ нашудааст ва корҳои барқароркунӣ идома доранд. Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 17-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ асосан дар километри 225-ум дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баста аст.

Ба қавли хонум Юсупова, “корҳои таркиш барои тоза кардани роҳ дар онҷо идома дорад. Эҳтимол ин корҳо то охири ҳафта идома мекунанд. Худи кӯҳистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бисёр хушк аст ва боришот хавфи фаромадани сангрезаро зиёд кардааст.”

Сангрезӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар оғози моҳи январ шурӯъ шуд. Шомгоҳи 8-уми январ бар асари резиши санг дар ин маҳал, як сокини ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон ҷон бохта, чаҳор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Рӯзи 11 январ мақомот гуфтанд, ки роҳро боз шудааст, аммо ҳоло ҳаракат дубора қатъ шудааст.

Шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, дар фасли сармо ягона масирест, ки пойтахтро ба вилояти Бадахшон мепайвандад. Молу коло аз Чин низ аксаран аз тариқи ҳамин роҳ ба Тоҷикистон ворид мешавад.

XS
SM
MD
LG