Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: замони рақобатҳои ҳастаӣ дубора фаро расид


Киштии зериобии ҳастаии ИМА
Киштии зериобии ҳастаии ИМА

Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, давраи рақобатҳои ҳастаӣ миёни кишварҳои абарқудрати ҷаҳон дубора баргашт. Вашингтон Русия ва Чинро рақиби асосии ИМА медонад.

Ин нукта дар "Баррасии сиёсати ҳастаӣ"-и нави ИМА гуфта мешавад, ки рӯзи гузашта дар нашрияи The Huffington Post чоп шуд. Тарҳи "Баррасии сиёсати ҳастаӣ" ба ҷои доктринае нашр мешавад, ки соли 2010 дар давраи Барак Обама, президенти пешини ИМА қабул шуда буд.

Ин тарҳи стратегии нав нишон медиҳад, ки Вашингтон барои муқобила бо Русия ва Чин омодааст, маблағгузории низоми нави таслиҳот, бо шумули кулоҳакҳои ҳастаии камқудрат барои мушакҳои болдори Trident D5, замонавӣ гардонидани барномаҳои куҳна, аз ҷумла мушакҳои болдори Tomahawk-ро оғоз кунад.

Ба андешаи муаллифони стратегия, ин иқдом аз хаёли Русия, ки метавонад нахуст ба Аврупо зарбаи ҳастаӣ бизанад, пешгирӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG