Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни Русия: Омилони ҳамла ба пойгоҳро куштем


Нирӯҳои низомии Русия мегӯянд, ҷангҷӯёнеро, ки масъулияти ҳамла ба пойгоҳи ҳавоии ин кишвар дар Сурияро ба уҳда гирифта буданд, куштаанд.

Мақомоти Вазорати дифои Русия рӯзи 12-уми январ дар изҳороти расмӣ гуфтанд, ҷангҷӯёни савор як мусофирбар дар шаҳри Идлиб аз тарафи ҳавопаймҳои бесарнишин аз байн бурда шуданд.

Рӯзи 31-уми декабри соли гузашта дар натиҷаи ҳамлаҳои ҷангҷӯён ба пойгоҳи низомии Русия дар Сурия ду сарбози рус кушта шуданд.

Русия дар соли 2015 барои саркӯби ҷангҷӯёни тундрав ҳамлаҳои ҳавоии худро ба ҳимоят аз режими раиси ҷумҳур Башор Асад оғоз кард.

XS
SM
MD
LG