Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳуҷраи нухбагон" дар "Матросская тишина" боиси истеъфои раҳбар шуд


Зиндони "Матросская тишина"
Зиндони "Матросская тишина"

Ба дунболи матбуотӣ шудани хабарҳо дар бораи “ҳуҷраҳои нухбагон” дар боздоштгоҳи зиндони “Матросская тишина”, муовини раҳбари зиндон аз мақом барканор шуд. Дар ин бора Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои ҷиноӣ ба хабаргузории “Интерфакс” маълумот дод. Номи ин мақомдор ошкор нашудааст.

Дар пайи тафтиш се корманди дигар ҷазои маъмурӣ гирифтанд. Ин дар ҳолест, ки хадамот мегӯяд, тафтиш “ҳуҷраҳои VIP” ва табақабандии зиндониҳоро ошкор накард.

Моҳи декабри соли 2017 додситонии Маскав ба дунболи пахши хабарҳо дар бораи мавҷудияти “ҳуҷраҳои нухбагон” дар зиндони “Матросская тишина” таҳқиқ оғоз кард. Тафтиш вақте оғоз шуд, ки нашрияи “Московский Комсомолец” дар бораи ҳуҷраҳои махсуси ин зиндон гузориш дод.

Ин ҳуҷраҳо бо ҳаммом, телевизион ва яхчол муҷаҳҳаз буданд ва гӯё дар ивази ришва ба зиндониҳои вежа пешниҳод мешуданд. Ин дар ҳоле буд, ки аксари зиндониҳо дар шароити бисёр бад нигаҳдорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG