Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти беш аз 40 варзишгари рус ба Додгоҳи ҳакамӣ


Тарфадори Русия бо парчами ин кишвар дар

Додгоҳи ҳакамии варзишӣ (CAS) дар Швейтсария мегӯяд, аз варзишгарони Русия барои бекор кардани қарори манъи иштирокашон дар Бозиҳои олимпӣ 42 ариза дарёфт кардааст.

Масъулони додгоҳ иттилоъ доданд, ки баррасии аризаҳои варзишгарони рус аз 22 январ оғоз шуда, қарор аст, ҳукми ниҳоӣ охирҳои моҳи равон эълон карда шавад.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ ахиран гуфт, ки Русия дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2014 дар шаҳри Сочӣ аз доруҳои нирӯафзо, ё допинг истифода кардааст.

Баъзе варзишгарони рус, ки аз допинг пок будани худро собит карданд, барои иштирок дар бозиҳо, зери парчами бетарафӣ, иҷозат гирифтанд.

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ имсол дар шаҳри Пхенчхани Куриёи Ҷанубӣ аз 9 то 27 феврал баргузор мешавад.

Видеоҳои охирин

Селзадаҳои Панҷ: Ҳудуди 30 манзил осеб дид
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:15 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG