Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон масъулони умури Иттиҳоди Авроосиёро ҷазо дод


Парчами кишварҳои узви Иттиҳоди Авросиё
Парчами кишварҳои узви Иттиҳоди Авросиё

Нахуствазири Қирғизистон Сафар Исаков фиристодаи кишвар дар Иттиҳоди Авроосиё Санҷар Умоталиевро аз мақом барканор кард ва чанд мансабдори баландпояи дигарро ҷазо дод.

Дар фармоне, ки рӯзи 8 январ нашр шуд, Умоталиевро ҳамчунин барои таъхир дар омода кардани пешнависи қонун оиди Кодекси Гумрукӣ, аз мақоми ноиби раҳбари маъмурияти кабинети вазирон сабукдӯш шуд.

Як идда мақомдорон бо шумули вазири иқтисоди Қирғизистон Артём Новиков, бо ҳамин далелҳо ҳушдор гирифтанд. Якчанд узви кобинаи вазирон аз мақом барканор шуд.

Ба Иттиҳоди Авроосиё, ташаккуле, ки дар он Русия нақши калидӣ дорад, Қазоқистон, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон шомил шудаанд ва моҳи апрели соли 2017 қарордоди Иттиҳоди Гумрукиро имзо карданд.

Барканорӣ аз мақом ва ҳушдори мансабдорони дигар дар ҳоле ҷараён гирифт, ки чанде пеш Қирғизистон ва узви дигари Иттиҳод - Қазоқистон бо гунаҳкор кардани якдигар дар нақзи қонунҳои гумрукӣ буҳрони ҷиддиро дар марзи кишварҳояшон ба бор оварданд.

Убуру мурури мошинҳои боркаши Қирғизистон аз марзи Қазоқоистон дар ҳоле маҳдуд шуд, ки раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев раҳбари кишвари ҳамсояро ба дахолат дар умури интихоботи президентии Қирғизистон муттаҳам кард.

XS
SM
MD
LG