Интизор меравад, ки раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 9 январ ба мардумаш аз тариқи телевизион паём диҳад.
Матбуоти Қазоқистон аз қавли сухагӯи президент Аидос Укибай навишт, ки Назарбоев соати 7-и бегоҳи вақти Остона "изҳороти муҳим" пахш мекунад.
Ба гуфтаи Укибай, изҳорот ба паёми солонаи Назарбоев ба мардуми кишвар марбут мешавад.
Назарбоев барои паёми солонааш ба мардум маъмулан замони мухталифро интихоб мекунад.
Соли 2017 паёми президент 31 январ пахш шуд.
Чанд рӯз пеш аз пахши паёмаш Назарбоев барномаи ба порлумон ва ҳукумат додани баъзе салоҳиятҳои худро ошкор кард ва масъулияти раҳбарии худро ба нақши "Довари Олӣ" табдил дод.
Таъғироти Қонуни асосӣ дар авохири соли 2017, бо баъзе дигаргуниҳои ҷузъиии тақсими қудрат дар байни президент ва ҳукумату порлумон ҷараён гирифт.
Назарбоеви 77-сола аз соли 1989, аз замоне, ки Қазоқистон ҳанӯз узви Иттиҳоди Шӯравӣ буд, зимоми қудрати ин кишвари Осиёи Марказиро дар даст дорад.