Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон мехоҳанд, президент ва варзишгарон кулоҳи сафед пӯшанд


Вакилони порлумони Қирғизистон бо таҳияи як лоиҳаи қонун пешниҳод доранд, ки кулоҳи сафеди қирғизӣ бо рамзҳои миллии дигари ин кишвар - парчами давлатӣ, нишон ва суруди миллӣ баробар дониста шавад. Ин лоиҳаи қонун дар сомонаи порлумон нашр шудааст.

Вакилон ҳамчунин мехоҳанд, пӯшидани кулоҳи сафеди миллӣ ҳангоми сафар ё пешвози президент, раиси порлумон ва муовинони ӯ, раиси ҳукумат ва мақомҳои дигари расмӣ ҳатмӣ дониста шавад. Ҳадафи ин иқдом "таблиғу ҳифзи анъана ва фарҳанги мардуми қирғиз" гуфта мешавад.

Бар пояи лоиҳа, пӯшидани кулоҳи сафед ба варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Қирғизистонро намояндагӣ мекунанд, ҳатмӣ хоҳад буд. Ба гуфтаи вакилон, ҳукумати Қирғизистон бояд истеҳсол, содирот ва фурӯши онро низ маҳдуд кунад. Муаллифони лоиҳа талаб доранд, ки таҳқиркунандагони кулоҳи сафед ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Вале дар лоиҳа навъи муҷозот муайян карда нашудааст.

Таҳияи ин лоиҳаи қонун дар ҳолест, ки кулоҳи сафеди миллии қирғизӣ пӯшидани як саг дар намоишгоҳе дар шаҳри Бишкек норозигии фаъолон ва бархе аз вакилони порлумонро ба бор оварда буд. Фаъолон онро таҳқири мардуми қирғиз ва барангехтани адовати миллӣ номиданд.

XS
SM
MD
LG