Пайвандҳои дастрасӣ

Ду шаҳванди Амрико дар қуръакашӣ $1 миллиард бурд карданд


Дар ИМА ду дорандаи билети лотерея дар маҷмӯъ барандаи 1 миллиард доллар маблағ шуданд. Дар ин бора рӯзи 7 январ мақомоти расмӣ хабар доданд. Барандаи аввал дар аёлати Ню-Ҳемпшайр шоми 6 январ ғолиби лотереяи Powerball lottery ва 560 миллион доллар маблағ эълон шуд. Нафар ё гурӯҳи дуюми баранда шоми 7 январ маълум шуд. Ин ғолиби лотерея дар аёлати Флорида дар лотереяи Mega Millions draw бозӣ кардааст. Исми ҳеҷ як баранда эълон намешавад. Барандаи аввал билети хушбахти худро дар шаҳраки Мерримак харидорӣ кардааст. Бурде бо арзиши 560 миллион доллар дар таърихи лотереяи Powerball яке аз шаш бурди калонтарин будааст. Соҳиби ин бозор Сем Сафа гуфт, ки аз натиҷаи лотерея хеле хушбахт аст, чунки ба ҳайси фурӯшандаи ин лотерея 75 ҳазор доллар даромад мебинад. Барандаи лотереяи дуюм бошад, билети худро дар як фурӯшгоҳи хурди шаҳри Порт Ричӣ ба даст овардааст. Фурӯшгоҳи мазкур аз ин ҳисоб 100 ҳазор доллар даромад мебинад.

Видеоҳои охирин

Акнун кадуи рекордӣ 645 килограмм вазн дорад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG