Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Шарифхон ҷои кор доданд, аммо бар хилофи амри додгоҳ. ВИДЕО


Сарчӯпони собиқи кооперативи тиҷоратии "Тебалай" ба ҷойи кораш баргашт, аммо на ба ҳайси сарчӯпон, балки ба ҳайси сохтмончӣ. Шарифхон Почоев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарчанд талаби додгоҳ ба ҷойи кори пешинааш барқарор шудани ӯ буд, амммо раиси кооператив ӯро ба коре таъйин кардааст, ки вазифаҳои дигар дорад.

“Баъди гузориши шумо (Радиои Озодӣ) фармони маро оварда доданд. Ман чанд маротиб ба корхона рафтам, аммо касеро наёфтам. Дар фармон, ки моҳи октябр содир шудаасту нав ба дастам расид, ки маро ба кори сохтмончӣ гузаронидаанд. Ман дигар дар сохтмон кор карда натавонам, зеро дар Сағирдашт, замони нигоҳубини гӯсфандон ба мина бархӯрда маъюб шудаам - гуфт, Шарифхон Почоев.

Расидани фармони Шарифхон Почоев ва ба кори дигар таъйин шудани ӯ дар ҳолест, ки дар ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Мӯъминобод дар таърихи 22-юми сентябри соли 2017 гуфта мешавад: “Даъвои Почоев Шарифхон бо ҷавобгарии Кооперативи тиҷоратии “Тебалай” дар намояндагии Раҳимов Ҷумъахон оид ба барқароркардани муҳлати даъво ва барқарор намудан ба ҷойи пештара қонеъ карда шавад.”

Шарифхон Почоев
Шарифхон Почоев

Бархе ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ки таъйин шудани Шарифхон Почоев ба кори дигар иштибоҳи ҳуқуқӣ аст ва ҳалномаи додгоҳ бояд иҷро шавад. Ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо додситонӣ метавонад нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ боз кунад. Лутфулло Абдуҷабборзода, ҳуқуқдони тоҷик дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Роҳбари кооперативи тиҷоратии "Тебалай" ғайриқонунӣ амал кардааст ва дар сурати шикоят аз болояш ба додситони маҳал онҳо метавонад нисбати роҳбар парвандаи ҷиноӣ боз кунанд. Зеро ӯ аз қонуни қабулкардаи додгоҳ сарпечӣ карда, худсарона ба ҷои пештарааш таъйин накардааст. Ҳамон роҳбари Кооперативи тиҷоратии "Тебалай" метавонист баъди баромадани ҳукми додгоҳ дар ҷои аввалааш таъин кунад ва баъди шаш моҳ метавонист ба ҷои дигар таъин кунанд, вале ҳоло рӯирост ҳукми додгоҳро поймол карда, ғайриқонунӣ фармон кардааст”- гуфт ҳуқуқшинос.

Барканории Шарифхон Почоев, сарчупони кооперативи тиҷоратии “Тебалай” дар ҳоле сурат гирифт, ки зимистони соли 2016 хеле сард омад ва теъдоде аз чорвои ӯ талаф ёфт. Ба гуфтаи ӯ, баҳори имсол Абдулҳафиз Қурбонов, раҳбари кооператив аз макони рама хабар гирифт ва аз ӯ пардохти 10 ҳазор сомониро талаб кард. Чун сарчӯпон ин маблағро напардохт, раҳбари кооператив ӯро аз кор ронд.

Пирӯзии чӯпони тоҷик ба раис дар додгоҳ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00

Аммо Абдулҳафиз Қурбонов, раҳбари Кооперативи тиҷоратии "Тебалай" дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки иллати барканор кардани ин сарчӯпон дар иҷро накардани нақшаи баррасупорӣ буд. Ҷаноби Қурбонов гуфт, аммо касе аз ӯ пул талаб накардаанд ва иддаои Шарифхон Почоев асос надоранд. Ӯ мегӯяд, ки баъди рафтан аз кор моро ба додгоҳ кашид ва додгоҳ ба манфиати ӯ ҳал кард.

“Нақшаро иҷро карда наметавонист, ман аз кор озодаш кардам. Аммо ман аз ӯ пул талаб накардам ва исбот карда тавонад марҳамат. Мо ӯро сохтмончӣ ба кор таъйин кардем, аммо ба кор наомад ва мо ӯро боз фармон карда аз кор гирифтем. Ҳоло гуфтем, ки омада чун чӯпон кор кунад ва аз моҳи апрел бо сабаби дарманд буданаш боз сарчӯпон таъйн мекунем” - гуфт Абдулҳафиз Қурбонов.

Шарифхон Почоев мегӯяд, ки посухи аризаҳояш ба додситони ноҳия Мӯъминобод расидааст, аммо додситон ваъда кардааст, ки ин масъаларо дида мебарояд. Почоев мегӯяд, ки дар сурати дида нашудани аризаҳои даъвоияш ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ нома менависад.

Ӯ солҳо боз ба чӯпонӣ машғул буд.
Ӯ солҳо боз ба чӯпонӣ машғул буд.

Шарифхон Почоев 43 сол дорад ва бо 7 фарзанду оилааш дар деҳаи Навободи ноҳияи Мӯъминобод зиндагӣ мекунад. Дар маҷмӯъ, даҳ сол чӯпонӣ карда, фарзандонашро, ки ҳоло мактабхонанд, аз даромади ин касб мехуронду мепӯшонд. 350 сомонӣ маош мегирифт.

"Вазифаи ман ҳамон даҳмардагист. Таҳсил накардаам, ки додситону додрас шавам" - гуфт ӯ.

Кооперативи тиҷоратии “Тебалай” замони Шӯравӣ таъсис ёфта, дар гузашта бо номи совхози “Панҷ” машҳур буд. Ин корхона ба парвариши гӯсфанди маҳинпашм машғул аст.

Совхози машҳури “Панҷ”-и ноҳияи Муъминобод дар даврони Шӯравӣ 50 ҳазор гӯсфанд парвариш карда, пашмашро ба корхонаҳои истеҳсоли қолин мефурӯхт. Баъди аз ҳампошии Шӯравӣ совхози “Панҷ” ба Кооперативи тиҷоратии “Тебалай” табдил ёфт ва то соли 2016 дар ин кооператив 17 ҳазор гӯсфанд парвариш мешуд.

XS
SM
MD
LG