Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Эрон сабабҳои тазоҳуротро баррасӣ мекунад


Тазоҳурот дар шаҳрҳои гуногуни Эрон сурат гирифт.

Қарор аст имрӯз порлумони Эрон дар як ҷаласаи хос, тазоҳуроти зиддиҳукуматиро баррасӣ кунад, ки бештар аз як ҳафта Ҷумҳурии Исломиро ба ларза овард. Дар ҷаласа, ки бо даъвати ҷиноҳи ислоҳталабон сурат мегирад, сабабҳои тазоҳуротро баррасӣ мекунанд.

Хабаргузории нимарасмии ИСНА навиштааст, ки дар нишаст, ки паси дарҳои баста сурат мегирад, раиси Хадамоти иттилоотӣ, вазири умури дохилӣ ва дабири кулли амнияти миллии Эрон ҳузур хоҳанд дошт. Қарор аст дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи дастрасии афроди боздоштшуда ба вакилони дифоъ ва кӯмаки ҳуқуқи баррасӣ шавад.

Рӯзи 6-уми январ ҳазорон нафар ба тарафдории рӯҳониёни ҳоким дар Эрон раҳпаймоӣ карданд. Айни замон гузориш мешавад, ки тазоҳуроти зиддҳукуматӣ дар 9 шаҳри Эрон аз ҷумла пойтахт шаҳри Теҳрон ҳам идома ёфтааст.

Видеоҳои охирин

Тоҷикистон ба маҳсулоти гӯштӣ андози иловагӣ ҷорӣ мекунад
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG