Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Дилноза Каримова даргузашт


Матлуба Розиқова. Акс аз як навори телевизиони Танини шаҳри Хуҷанд
Матлуба Розиқова. Акс аз як навори телевизиони Танини шаҳри Хуҷанд

Матлуба Розиқова – модари Дилноза Каримова – овозхони маъруфи тоҷик дар 61-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд даргузашт. Афроди наздик ба хонаводаи Каримовҳо рӯзи 7-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ соати даҳи шаби шанбе ҷон додааст.

Ба қавли онҳо, Матлуба Розиқова рӯзҳои ахир бемор буд ва марги Диёрбек Аминҷонов, писари панҷсолаи Дилноза Каримова, ӯро ба тамом аз пой афтонд.

Қарор аст, маросими ба хоксупории Матлуба Розиқова рӯзи якшанбе баргузор шавад. Қаблан Дилноза Каримова дар як навори видеоӣ дар робита ба маризии писараш гуфта буд, ки модараш низ дар бемористон бистарист.

Матлуба Розиқова фориғуттаҳсили шуъбаи актёрии собиқ Донишкадаи санъат буда, солҳои 1980-1987 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси яккахони ансамбли бонувони рубобнавоз кор кардааст.

Дилноза Каримова
Дилноза Каримова

Модари Дилноза Каримова дар ҳоле даргузашт, ки ин овозхон шаби 31-уми декабри соли гузашта писараш Диёрбекро аз даст дод. Диёрбек Аминҷонов бо диагнози саратони буғум 28-уми октябри соли 2017 дар як клиникаи шаҳри Бишкек бистарӣ шуд ва барои идомаи даври навбатии муолиҷа шаби 31-уми декабр ба пойтахти Ҳинд - Деҳлӣ парвоз кард.

Пас аз чанд соати расидан ба бемористон кӯдак ҷон дод. Дар давоми чанд ҳафтаи моҳи декабр бо дархости хонаводаи Каримовҳо афроди хайрхоҳ барои амалиёти кӯдак маблағ ҷамъ карда, барои сиҳҳатии ӯ дуо мекарданд.

XS
SM
MD
LG