Пайвандҳои дастрасӣ

Рамзия Сафарова: "Наворе, ки бояд махфӣ мемонд, берун омад" ВИДЕО


Рамзия Сафарова

Масъулони телевизиони “Азия” дар шаҳри Хуҷанд нафареро, ки видеои лаҳзаи тасодуфан аз даҳони хабарнигор хориҷ шудани як калимаи берун аз сенарияро расонаӣ кард, ёфта муҷозот кардаанд. Онҳо рӯзи 5-уми нявар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин нафар ҷавони таҷрибаомӯз будааст. “Баъд аз ин кирдораш, ӯ аз ҳаққи таҷрибаомӯзӣ дар телевизион маҳрум гардид”, - гуфт як ҳамсуҳбати мо дар ин телевизиони “Азия”.

Ҳамон бегоҳ он порчаи барномаро аз нав сабт кардем. Барномаҳои солинавӣ ҳам пахш шуд. Дертар як ҳамкорам ба ман нишон дод, ки ҳамон навори иштибоҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад. Дидаму “шок” шудам, чунки ин навор бояд махфӣ мемонд

Ҳафтаи равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори кӯтоҳе аз ҷараёни сабти барномаҳои солинавии телевизиони “Азия” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба сайр даромад. Дар ин видео ровии барнома ҳангоми қироати табрикоти солинавӣ зоҳиран пас аз халал расондани касе аз паҳлӯ дучори сакта шуда, тасодуфан аз даҳонаш як “дашном” хориҷ мешавад.

Масъулони телевизиони “Азия” мегӯянд, ин навор танҳо аз ҷараёни омодагӣ ба сабти барномаҳо буд ва аслан ба эфири телевизион роҳ наёфтааст. Худи Рамзия Сафарова, қаҳрамони ин видео, сармуҳаррири барномаҳо ва ҳамзамон гардонандаи барномаи хабарии телевизиони “Азия” аст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар тӯли 13 соли корам дар телевизион, бори аввал чунин ҳодиса бо ман иттифоқ афтод. Ҳеч интизор набудам. Мо ба ҳамкорон бовар доштем. Чанд сония наворе, ки ба шабакаҳо роҳ ёфт, танҳо ба мо кормандон дахл дошт.”

Сафарова афзуд, навори кӯтоҳе, ки ба расонаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, порчае аз барномаҳои солинавӣ аст, ки қаблан сабт мешуд. “Фурсати сабти барнома хеле танг буд. Ман зери фишор қарор доштам, ки тасодуфан ҳамин луқма мисли як “ибораи пайвандӣ” аз даҳонам баромад. Ҳамон бегоҳ он порчаи барномаро аз нав сабт кардем. Барномаҳои солинавӣ ҳам пахш шуд. Дертар як ҳамкорам ба ман нишон дод, ки ҳамон навори иштибоҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад. Дидаму “шок” шудам, чунки ин навор бояд махфӣ мемонд”, - афзуд Рамзия Сафарова.

Рамзия Сафарова
Рамзия Сафарова

Рамзия Сафарова яке аз панҷ фарзанди хонавода дар рустои дурдасти ноҳияи Ашт аст ва мегӯяд, нахустин духтарест, ки аз ин деҳа дар донишгоҳ таҳсил карда, рӯзноманигор шуд. Ӯ фаъолияти касбиашро аз соли 2003 дар радиои “Тироз” шурӯъ карда, аз соли 2005 барои тамошобинони телевизиони “Азия” заҳмат мекашад.

Рамзия дар баробари хабарнигорӣ ҳамроҳ бо ҳамсараш, ки дар муҳоҷират аст, се фарзандро ба воя мерасонад. Ҳарчанд аз пайдо шудани ин навор, ки бояд аз дохили идора берун намеомад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нороҳат шуд, мегӯяд, “бо гузашти як-ду ҳафта ин навор ба боди форомӯшӣ меравад ва ӯ ба кори маъмулии хеш идома медиҳад”.

Маҳмадулло Давлатов
Маҳмадулло Давлатов

Маҳмадулло Давлатов, равоншиноси тоҷик, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳар коргоҳ миёни кормандон муносиботи хос ба вуҷуд меояд, ки дар натиҷа ҳама ба якдигар бовар мекунанд. Ӯ гуфт, “ангезаҳое метавонанд шахсони хушахлоқу хушсуханро аз мувозинат берун оранд, ки тасодуфан аз даҳонашон ягон дашном ё ҳарфи берун аз аҳлоқ берун шавад. Аммо ин айб нест, чунки дар муҳити корӣ аст. Ин чизҳо бояд дар ҳамон муҳит бояд боқӣ монад ва берун набарояд. Аммо зоҳиран инҷо ангезаҳои дигар мисли кина, хусумат ё эҳсоси қасосгирӣ боло гирифтааст.”

Ҳарчанд “луқмаи” Рамзия Сафарова дар асл дар эфири телевизион нашр нашудааст, дар интернет даҳҳо наворе сайр мекунад, ки ровиёни телевизионҳои маъруфи ҷаҳон ба мисли BBC, CNN, “Ал-Ҷазира” ва телевизионҳои русии ОРТ ва НТВ гардонандагони барномаи хабарӣ ба иштибоҳҳои аҷибу ғариб роҳ медиҳанд. Ин гуна наворҳои кӯтоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз барномаҳои маъмулӣ хеле бештар бинанда дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG