Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як духтари 22-соларо дар Душанбе дуздидаанд


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон як сокини шаҳри Душанберо бо гумони дуздии духтари 22-сола боздошт кардаанд. Мақомот рӯзи 6-уми январ гуфтанд, ки ҳодиса охири моҳи декабри соли гузашта дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рух додааст.

Бино ба иттилои расмӣ, гумонбар дар боздошт қарор дорад ва ба одамрабоӣ муттаҳам аст. Дар иттилоияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки гумонбар духтарро аз манзили падараш рабудааст.

“Сокини 52-солаи кӯчаи Камоли Хуҷандии пойтахт ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кард, ки санаи 27-уми декабри соли 2017 шахси номаълум худсарона ба хонааш ворид шуда, духтари 22-солаашро маҷбурӣ гирифтаву ба самти номаълум ғайб задааст. Ҳангоми гузарондани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони милитсия марди 24-солаи сокини кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе бо гумони одамрабоӣ дастгир карда шуд”, - гуфта шудааст дар иттилояи ВКД.

Ҷузъиёти аз ин бештар дар даст нест.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқ идома дорад.

Видеоҳои охирин

"Хоҳиш, ҳамин дастаро ба тартиб дароред"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG