Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Forbes домоди президент Қазоқистонро "тоҷири сол" эълон кард


Темур Қулибоев - домоди президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

Маҷаллаи Forbes раиси шӯрои палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистон, домоди президенти ин кишвар Тимур Қулибоевро "тоҷири сол" эълон кард.

Шумораи навбатии маҷалла бо акси Тимур Қулибоев рӯзи 4 январ ба фурӯш баромад.

Тимур Қулибоев ҳамсари духтари миёнаи Назарбоев - Динора аст. Тимур ва Динора тавассути ширкати "АЛМЭКС" Бонки халқии Қазоқистонро идора мекунанд. Қулибоев чандин ширкати дигарро дар ихтиёр дорад.

"Иттиҳодияи Казкоммертсбонк ва Халиқ бонк, нуфӯз дар бозори суғурта, комёбиҳо дар бахши ҳавопаймоӣ ва тиҷорати тиббӣ - ҳамаи ин тоҷирро муваффақ кардаанд. Муҳимтарин дастоварди ӯ дар соли гузашта ин раҳандози гуфтугӯ миёни "Отамакон" ва ҳукумат аст", - менависад маҷалла. Дар матлаби маҷалла омадааст, ки Қулибоев соли 2017 ба рӯйхати "50 тоҷири маъруф" шомил буд ва дар сегонаи "50 тоҷири сарватмандтарин"-и Қазоқистон ҷой гирифт.

Тимур Қулибоев Эътилофи ширкатҳои газу нафт, ширкати барқи KAZENERGY, ва ҳамзамон ба Кумитаи миллии Олимпӣ роҳбарӣ мекунад. Қулибоев ҳамчунин раиси Федератсияи бокси Қазоқистон аст. Маҷаллаи Forbes-и амрикоӣ дороии ӯро 2,1 миллиард доллар арзёбӣ шумурдааст. Дар маҷмуъ, Тимур бо ҳамсараш, бино бар баҳогузории маҷалла, бештар аз 4 миллиард доллар сарват доранд.

Видеоҳои охирин

Боздошт баъди мулоқот бо нахуствазир. Пашиниён дастгир шуд
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:01:15 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG