Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси бонк дар Тоҷикистон осонтар шуд


Ҳадди ақалли сармояи ойинномавӣ ё маблағи аввалӣ барои ташкили бонкҳо дар Тоҷикистон пойин оварда шуд. Ин кор дар пайи он сурат мегирад, ки Эмомалӣ Раҳмон аз набуди рақобати солим дар низоми бонкдории Тоҷикистон интиқод карда буд. Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 5-уми январ бо пахши иттилоияе хабар дод, ки ҳадди аққали сармоя барои ташкили бонкҳо аз 80 миллион ба 50 миллион сомонӣ кам карда шуд.

Масъулини БМТ мегӯянд, дар ин бора ба Дастурамали №176 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ” тағйирот ворид намудааст. Ҳадаф аз ин тасмим, “мақсади таъмини рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ, инчунин, ҷалби бештари сармоя ба низоми бонкӣ” гуфта мешавад.

Дар Бонки миллӣ мегӯянд, тасмими мазкур дирӯз 4 январ гирифта шуда, феълан дар раванди бақайдгирии давлатӣ дар Вазорати адлия қарор дорад. Ба қавли манбаъ, баъди гузаштани ин расмиёт ва интишори расмӣ дар муҳлати наздиктарин мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Тасмими кам кардани ҳадди ақалли сармояи ойинномавӣ дар пайи он сурат мегирад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахиран ба Маҷлиси олӣ аз набуди рақобати солим дар низоми бонкии кишвар интиқод карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба ҳукумати кишвар дастур дод, ки ҳарчӣ зудтар барномаи таҷдиди ду бонк -- "Агроинвестбонк" ва "Тоҷисодиротбонк"-ро таҳия кунад. Раисиҷумҳур системаи феълии низоми бонкӣ дар кишварро тормози асосӣ дар роҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, ки дар низоми бонкии Тоҷикистон рақобати солим вуҷуд надорад.

Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, баъди сармоягузории ду бонки низомсоз аз ҷониби давлат, як қатор корҳо анҷом шуда, як қисми пасандози муштариён баргардонда шуд. Аммо ба қавли раисҷумҳур, корҳои анҷомёфта кофӣ нестанд ва ҳукумат бояд нақшаи таҷдиди "Агроинвестбонк" ва "Тоҷисодиротбонк"-ро дар мӯҳлати кӯтоҳ таҳия кунад. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар 11 моҳи соли равон ҳаҷми пасандози муштариён дар ташкилотҳои қарзӣ 9 миллиард сомонро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 5 дарсад камтар мебошад.

Интиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз низоми бонкдории кишвар дар ҳоле садо дод, ки дар чанд соли ахир баъди шурӯи бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ва таъсири он ба даромади муҳоҷирони корӣ ва пули интиқолии онҳо ба Тоҷикистон, бонкҳо ба мушкили пардохтпазирӣ рӯбарӯ шуданд.

Видеоҳои охирин

Акнун кадуи рекордӣ 645 килограмм вазн дорад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG